НАҚШИ ИНТИХОБОТ ДАР ҲИФЗ ВА АМАЛИГАРДИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНД

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 2- марти 2025 гузаронида мешавад. Интихобот ҳамчун падидаи сиёсӣ маънидод шуда, ба сифати механизми сиёсии ташаккули ҳокимият фаҳмида мешавад.

Интихобот қисми таркибии демократия, беҳтарин нишондиҳандаи воқеӣ ва ҳақиқии давлатҳои демократӣ ба ҳисоб меравад. Интихобот усули ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ бо иштироки шаҳрвандон ва василаи амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон инчунин тарозуи танзимкунандаи асосҳои сиёсии ҷамъият мебошад. Маъракаи интихобот ягона чорабинии сиёсиест, ки дар он ҳама қишрҳои ҷомеа, аҳолии маҳалҳо ва тамоми мамлакат иштироки баробар дошта, ҳуқуқи ошкоро овоз додан доранд. Баргузории интихобот яке аз роҳҳои ба ҳаёти сиёсӣ ба идораи давлат ва ҷомеа, ба худ идоракуниии маҳаллӣ ҷалб кардани шумораи зиёди шаҳрвандон мебошад. Интихобот имкон медиҳад, ки шаҳрвандон тавассути интихоби бевосита ва ё бавосита мақсадҳои худро дар самти идоракуниии давлати амалӣ намоянд.

Интихобот имкон фароҳам меорад, ки шаҳрвандон бо назардошти манфиатҳои худ ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии гуногунро таъсис дода, ба ин васила дар кори идоракунии давлатӣ ва пешбурди ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд. Интихобот ба хотири амали намудани мақсадҳои муайян ташкил ва гузаронида мешавад.

Мувофиқи муқарррароти қисми 1 – и моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Дар қисми 2-юми ҳамин модда омадаааст, ки ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсӣ мебошад.

Дар моддаи 27—и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуда, ки шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё бавоситаи вакилонаш иштирок намояд. Мувофиқи талаботи қисми дуюми ҳамин моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд аз синни 18-солагӣ ҳуқуқи иштирок дар раъйпусӣ ва интихоб намудану интихобшуданро соҳиб мегардад.

Интихобот – яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Нақш ва вазифаҳои интихобот дар рушд ва таҳкими субот, ҳамгироӣ, демократикунонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бузург аст.

Интихобот – яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта , ба воситаи он ҳокимият ба таври осоишта ва бо иродаи халқ аз дасти як гуруҳ ба гуруҳи дигар мегузарад.

Иштирок дар интихобот ҳуқуқи ҳар шаҳрванд буда, он дар асоси принсипҳои ҳуқуқӣ баробар ва овоздиҳии пинҳони амали карда мешаванд. Ҳар яки мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқ дорем, ки ба хотири ояндаи дурахшон дар интихобот иштирок намуда, номзади арзандаро интихоб намоем.

Кулобӣ Раҷабова, омӯзгори калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

Like0