Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии идона бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ баргузор шуд, ки дар он директори муассиса Ғафурӣ Зоир Саъдулло, собиқадорони соҳаи ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандону омӯзгорон ширкат варзиданд.
Нахуст директор, дотсент Зоир Ғафурӣ ҳозиринро ба муносибати ин санаи фархунда табрик намуда, аз қаҳрамониву иқдомоти бузургу таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва рушди Артиши миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва пойдории сулҳу субот сухан гуфт.
Дар идома, донишҷӯён бо забонҳои русӣ ва англисӣ аз суханҳои ибратбахши Пешвои муаззами миллат дар бораи Артиши миллӣ ва сарбозону афсарон ироа намуда, бо пешниҳоди барномаи ҷолиби фарҳангӣ – фароғатӣ хотири ҳамагонро шод намуданд.
Дар охир, аз ҷониби раёсати Коллеҷ ба ғолибони озмуни мақолаи беҳтарин, иншои беҳтарин ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ, инчунин ба собиқадорони соҳаи ҳарбӣ, ки дар муассиса фаъолият мекунанд, ҳамчун рамзи эҳтиром ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.







































