Артиши миллӣ – мафҳумест, ки ба қувваҳои мусаллаҳи як давлат ишора мекунад, ки вазифаи асосии онҳо ҳимояи истиқлол, тамомияти арзӣ ва амнияти миллӣ мебошад. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон ба як қувваи мусаллаҳӣ мустақил ниёз пайдо кард. Дар шароити ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 таъсиси Артиши миллӣ барои таъмини амният ва истиқлоли кишвар аҳамияти хоса дошт. Ҳамасола дар Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол бошад дар саросари Ватани азизамон Тоҷикистон 32-солагии Артиши миллии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад
Вазифаҳои асосии Артиши миллӣ аз инҳо иборат аст:
– Ҳимояи истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон;
– Таъмини амнияти дохилӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои террористӣ;
– Ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар;
– Мусоидат дар ҳолатҳои изтирорӣ, масалан, ҳангоми офатҳои табиӣ;
– Ҳамкорӣ бо қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои дӯст дар доираи созмонҳои минтақавӣ, ба монанди СААД(Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ) ва СҲШ (Созмони Ҳамкории Шанхай).
Артиши миллӣ аз якчанд қисмҳои асосӣ иборат аст:
– Қувваҳои заминӣ;
– Қувваҳои ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ;
– Қувваҳои махсус;
– Қувваҳои марзбонӣ;
– Донишкадаи ҳарбӣ ва марказҳои таълимӣ барои омода сохтани мутахассисони ҳарбӣ.
Артиши миллии Тоҷикистон аз лаҳзаи таъсисёбии худ дар соли 1993 то имрӯз нақши калидиро дар таърихи муосири кишвар иҷро кардааст. Он ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ва рамзи истиқлол баромад намуда, дар таҳкими субот ва амнияти дохиливу минтақавӣ саҳми арзанда гузоштааст. Илова бар ин, Артиши миллӣ дар ҳолатҳои фавқулодаи дохилӣ, ба мисли офатҳои табиӣ ва вазъиятҳои изтирорӣ, нақши наҷотбахшро мебозад. Он дар рафъи оқибатҳои заминларзаҳо, селҳо ва дигар ҳодисаҳои табиӣ ба аҳоли кӯмак мерасонад, ки ин мақоми онро ҳамчун қувваи муҳофизи на танҳо амнияти кишвар, балки ҳаёти шаҳрвандон низ тақвият медиҳад.
Артиши миллии Тоҷикистон имрӯз як ниҳоди муосир, касбӣ ва омода ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад. Он аз як артиши навтаъсис дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ба як қувваи пурқудрати мудофиа ва кафили субот ба амнияти кишвар табдил ёфтааст. Нақши он дар таъмини амнияти дохилӣ, ҳифзи сарҳадҳо, мубориза бо таҳдидҳои замони муосир ва мусоидат ба суботи минтақавӣ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон аҳаммияти стратегӣ дорад. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Артиши миллӣ на танҳо посдори амнияти кишвар аст, балки рамзи истиқлол, ягонагии миллӣ ва ояндаи осудаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Агар мо назаре ба таърих кунем, пас ин падида баръало намудор будааст. Дар таърихи давлатдории тоҷикон артиш нақши муҳимро иҷро намудааст. Халқи шарафманди тоҷик ҳамеша бар зидди истилогарони аҷнабӣ истодагарӣ карда, барои нангу номуси миллӣ, ҳифзи шарафу поктинатӣ ва марзу буми кишвараш ҷонбозиҳо намуда, қаҳрамониҳо нишон додааст. Дар раванди таърих, тоҷикон ҳамеша чун “Исмоили Сомонӣ девори Бухоро” буда, дар ҳолати омодабош қарор доштааст, то марзу бум, нангу номус, шараф ва забону фарҳангашро муҳофизат намояд. Гарчанде ки ин миллати куҳанбунёд дар раванди таърих сабақҳои талх гирифтааст, аммо аксар бурду бохтҳоро аз сар гузаронида, вуҷудияти худро то имрӯз ҳифз намудааст. Ин миллат парчамдорон ва фарзонагони зиёде доштааст, ки барои марзу буми кишвар ҷонбозиҳо намудаанд. Ба қавли Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ дар корзор баҳри ҳифзи марзу бум ҷон нисор кардан ин қаҳрамонист:
Ҳама рӯй яксар ба ҷанг оварем,
Ҷаҳон бар юадандеш танг оварем.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Беҳ аз он ки кишвар ба душман диҳем.
Чунин гуфт муъбад ки мурд ба ном,
Беҳ аз зинда душман бар ӯ шодком.
Хулоса, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи муосири кишвар рамзи истиқлол, пойдории давлатдорӣ ва таъмини амнияти миллӣ мебошад. Аз давраи пурталотуми ҷанги шаҳрвандӣ то имрӯз, Артиши миллӣ дар мубориза бо таҳдидҳои замони муосир, таҳкими амнияти минтақавӣ ва рушди низоми мудофиа нақши муассир доштааст.
Раҷабгул Абдуллоева, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ.