Бунёду таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохтору воҳидҳои ҳарбии таъмини амният ва мудофиаи Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дар корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи муҳиммеро боз кард.
Ҳанӯз 18 декабри соли 1992 бо имзои Сарвари навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард.
Бо азму талош ва фаъолияти хастанопазири Раёсати Шурои Олӣ ва кумитаи марбутаи парлумони мамлакат то нимсолаи аввали соли 1993 маҷмуи қонунҳо ва асноди дахлдор барои ташаккул, такмил ва ҷобаҷогузории Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохтору воҳидҳои ҳарбӣ эҷод ва ба мавқеи иҷро гузошта шуд.
Аз ин рӯ, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дарки масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту осоиши кишвар ва ободии пешрафти мамлакат, ҳанӯз аз давраҳои нахустини соҳибихтиёрӣ Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат таъсис дода шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат яке аз қисмҳои сохтори давлатии Мусаллаҳи кишвар буда, барои ҳифзи Истиқлол ва ҷузъиёти марзии он дар ҳолати ҳуҷуми ҷанг пешбинӣ шудааст ва он зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин, яъне 23 феврали соли 1993 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи “Фронти халқӣ” ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ мекарданд, таъсис ёфтааст.
Дар марҳалаи аввал ҳадафи асосии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ташаккули неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлол қодир бошад ва озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин намояд. Вобаста ба таъиноти мазкур гуруҳҳои муташаккилу зудамал ташкил карда шуданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат бо қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва сохти конститутсионӣ буд. Дар ин давраи ҳассоси давлатдорӣ ба души хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо вазифаҳое гузошта шуданд, ки тақдири миллат ва давлат, истиқлолу соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии мамлакат аз ҳалли онҳо вобастагӣ дошт.
Дар ин давра дар Артиши миллии Тоҷикистон Қушунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ташкил карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки ба таъсиси Қушуни таъиноти махсус аҳаммияти хоса дода шуд. Баъди имзои Созишномаи сулҳу истиқрори миллӣ байни ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин марҳалаи сеюм, яъне охири таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар ин марҳила бо ёрии бевоситаи дастгоҳи машваратчиёни Федератсияи Русия дар Артиши миллии Тоҷикистон намудҳои нави қушун таъсис ёфта, усулҳои самарабахши идоракунӣ, омодагии ҷангӣ ва амалиёти қушунҳо ба роҳ монда шуданд.
Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон аз се намуди қӯшун: Қушунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ва Қушунҳои зудамал иборат аст. Аз ин рӯ, бо боварии комил метавон гуфт, ки Артиши миллии мо дар як давраи начандон тулонӣ озмоишҳои сахту сангинро пушти сар намуда, имрӯз ба як сохтори воқеан боэътимод, муттаҳиду бонизоми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан, дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои ифродгароӣ ва хомӯш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошта истодааст.
Дар тули фаъолияти хеш Артиши миллӣ рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштаанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромиву осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди Ватани азизу маҳбубамон собитқадамона рушду такомул ёфта истодааст.
Имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили амният ва истиқлоли мамлакат ва ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз тамоми масъалаҳои вобаста ба таҳкиму такмили Артиши миллӣ, омодагии доимии ҷанги қушунҳо ва ҳаёти ҳарбиро дар маркази диққати худ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити моддию маишии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд, ки: “Мо баъди ҳазор сол ба шарофати истиқлол соҳиби Артиши миллӣ шудем. Шукронаи онро мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро бунёд карда тавонистем. Вале ин ҳанӯз кам аст. Дар назди неруҳои низомии мо корҳои бисёр истодаанд. Мо мехоҳем, ки низомиёни мо чун падару бобоёни худ бо халқ ҳамдилу ҳамнафас бошанд, аз ҷониби шаҳрвандон чун ҳимоятгари Ватан пазируфта шаванд. Аз ин рӯ, ҳар як афсару сарбозро лозим аст, ки беҳтарин анъанаҳои ҳарбиро ривоҷ диҳанд, аз интизоми намунавӣ, матонат ва садоқат ба халқу ватан доштаи худ, наслҳои гузашта сабақ гиранд”.
Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони мо дар як давраи кутоҳи таърихӣ ба неруи боиқтидори низомӣ, муҳофизи сулҳу оромӣ ва фазои осудаи мамлакат табдил ёфта, ба Ватан ва мардуми худ содиқона хизмат карда истодаанд.
Имрӯзҳо дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир иҷрои вазифаҳои басо муҳимми милливу давлатие, ки дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қарор доранд, аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ иродаи қавӣ, зиракии сиёсӣ ва садоқату муҳаббати самимӣ ба халқу Ватанро тақозо менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки хизмат ба Ватан шарафу ифтихори бузург ва вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки таваҷҷуҳи доимиро ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат дар қалбу зеҳни ҷавонону наврасони имрӯза равона намоем.
Мардуми шарафманди тоҷик ба Қувваҳои Мусаллаҳ ва афсарону сарбозони шуҷои худ эътимоди комил дорад ва онҳо минбаъд низ ба савганди ҳарбии хеш содиқ монда, истиқололу озодии давлат, сулҳу амнияти мамлакат ва фазои осоиштаи мардуми кишварро содиқона ҳифз менамоянд. Ҳамзамон, рисолати фарзандии хешро дар назди Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро намуда, ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, амният ва суботу оромии ҷомеаро бо ҳушёриву зиракӣ таъмин мекунанд.
Рӯзи Артиши миллӣ муборак, ҳомиёни шуҷои Ватан!
Қурбонова Ҷиёнгул, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ.

Все реакции:
9Nurafshon Sarfirozovna и ещё 8