ЧОРАБИНИИ ИДОНАИ ХОТИРМОН БА АФСАРОНУ САРБОЗОН

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 21-уми феврали соли 2025 дар отряди сарҳадии 0308-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба афсарону сарбозон хони идона ороста шуда, барномаи хотирмони фарҳангӣ – фароғатӣ пешниҳод карда шуд.

Зимни табрикот директори Коллеҷ Ғафурӣ Зоир Саъдулло изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар зодаи замони соҳибистиқлолӣ буда, маҳсули сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои хастанопазири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Зикр шуд, ки маҳз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва шумо афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳастед, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба қатори даҳгонаи давлатҳои амнтарини дунё шомил аст ва ин хизматҳои шоёни шумо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин дарҷ хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки бо шукргузорӣ аз тинҷиву амонӣ ва замони осоишта якояки мову шуморо зарур аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, бо ҳисси баланди ватандӯстиву садоқат ба он дар ҳама ҳолат барои муҳофизати Ватани маҳбубамон ва ин сарзамини аҷдодӣ, инчунин бехатарии марзи муқаддаси Тоҷикистони азиз сарбаландона хизмат намоем.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба сарбозону афсарон аксияи “Китоб барои муҳофизони Ватан” гузаронида шуда, ба онҳо китобҳои аз ҷониби раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе нашргардида, бо номи “Ба муҳофизати Ватани маҳбубамон омода бош!”ва “Муқаддасоти миллӣ – ифтихори миллат” тақдим карда шуд

Like0