23 – феврали соли равон аз бунёди Артиши миллӣ, ки он зодаи истиқлолияти давлатӣ аст, 32 – сол пур мешавад. Дар остонаи ин ҷашни бошукуҳи таърихӣ ҳар як фарди ватандӯст беихтиёр роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро пеши назар меорад.
Вақте ки Иттиҳоди Шуравӣ аз байн рафт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ноороми ҳарбӣ – сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ ҷой дошт. Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне, Артиши миллии мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳифзи марзу буми кишвар зуҳур кард.
18-уми декабри соли 1992 Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расониданд. Артиши миллии мо дар заминаи гурӯҳҳое, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ менамуданд, таъсис дода шуд.
23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввал ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи артиш бо мутахассисони касбии низомиро ба роҳ монд. Дар ин замина, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои таъсису таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, пурра намудани ҳайати шахсӣ дар самтҳои муҳимтарини стратегияи ҳарбӣ ҷой додани онҳо ва беҳдошти омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ вобаста ба имконоти мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир карда мешуд.
Айёми ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се давраи масъулиятнокро дар бар мегирад. Сарбозону бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият додани он мубрамтарин масоле буданд, ки ҳалли мусбии худро пайдо карда тавонист.
Дар айни замон дар ҳайати Артиши миллӣ неруҳои заминӣ, қувваҳои ҳарбӣ, неруҳои ҳавоӣ, қувваҳои махсус, неруҳои дифои ҳавоӣ, гвардияи миллии Президентӣ ва қувваҳои амният фаъолият мекунанд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 43 – юм омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.” Дар ҳақиқат, ҳифзи ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси солимфикр ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳам ҳар сол ҷавонони кишвар бо азму иродаи хеш барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ ариза месупоранд ва содиқона дар хизмати Модар – Ватанро ба ҷо меоранд. Оре, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан барои ҳар як ҷавон вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як модар фарзандашро бо даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба хизмат бояд ҳидоят намуда, аз онҳо ифтихор намояд. Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум, аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷавонон бояд як нуктаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Ба қадри Модар – Ватан, муқаддасоти миллӣ – Истиқлол, ваҳдату ягонагӣ, суботу озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ ва таъриху маданияти халқи худ бирасем ва барои наслҳои ояндаи худ гузоштани мероси арзанда, талош варзем.
Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ гуфтааст:
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
Мафҳуми ватандӯстӣ барои халқи тоҷик падидаи нав набуда, ниёгони мо ҳамеша ватандӯст буданд ва ватандӯстиро ҳамеша дар эҷодиёти худ талқин менамуданд.
Аслан, хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву ҷасорат аст. Чунин мафҳумро бархе аз ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Артиш софдилона хизмат мекунанд. Хидмат ба Ватан –Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ мебошад.
Шукрулло ДАВЛАТОВ, омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии Коллеҷ
Все реакции:
35Saidabror Saidi, Маҳваши Ғайратшо и ещё 33