БОЗДИДИ 2143 НАФАР ДОВТАЛАБ ДАР РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДАИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби довталабон – хатмкунандагони заминаи синфи 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коллеҷи омӯзгорӣ санаи 20-уми феврали соли 2025 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи дарҳои кушода баргузор карда шуд.

Дар ин рӯз хатмкунандагони заминаи синфи 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳудуди ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Рӯдакӣ бо теъдоди умумии 2143 нафар иштирок карданд.

Довталабон дар муассиса аз тамоми синфхонаҳо, лабораторияҳо, китобхона, хобгоҳ, парки технологӣ ва дар маҷмуъ аз шароиту имкониятҳои мавҷудаи Коллеҷ боздид намуданд.

Аз ҷониби комиссияи қабул ба ҳар яки он варақаҳои тарғиботӣ тақдим карда шуд. Омӯзгорону масъулин ва довталабон баъди боздид ба шароити таҳсил дар Коллеҷ баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки ҳатман ин муассисаи бонуфузро интихоб хоҳанд кард.

Like0