АҲАММИЯТИ ИНТИХОБОТ ДАР ҲАЁТИ ҶОМЕА

Пас аз чанд рӯз дар кишварамон маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони халқ доир мегардад. Дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Ҳамчунин, дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон аз интихобот вобастагии зиёд дорад. Дар сиёсати дохилии давлат интихобот унсури асосӣ буда, дар таҳаввул ва пешрафти ҷомеа мақоми назаррас дорад.

Бояд зикр кард, ки интихобот яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, ба воситаи он ҳокимият ба таври осоишта ва бо иродаи халқ аз дасти як гурӯҳ ба дасти гурӯҳи дигар мегузарад. Самаранокии интихобот ва аз тарафаи ҷомеа эътироф гардидани натиҷаҳои он яке аз нишонаҳои муҳимми ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад. Интихобот ҳалли масъалаҳои дар ҷомеа бавуҷудомадаро ба таври осоишта ва бо усулҳои сиёсӣ бояд таъмин намуда тавонад.

Мувофиқи моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсиии умумихалқӣ қабул карда шудааст, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тағйирпазирии тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро моддаи 100 Конститутсия кафолат медиҳад.

Интихобот бо ҳама мураккабияш воситаи асосии сиёсати бунёдгар мебошад. Дар олам кишвареро дарёфт намудан номумкин аст, ки аз интихобот истифода накунад. Новобаста аз сохти сиёсӣ ва муносибатҳои сиёсии ҳукмрони ҷамъиятӣ сохторҳои гуногуни таркибии кишварҳои олам раванди интихоботро истифода менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз сохторҳои гуногуни интихоботӣ истифода мешаванд. Бояд зикр намуд, ки натиҷаи ин чорабинӣ тақдири минбаъдаи халқу миллатро ҳал менамояд. Интихоботи кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумоти дорандаи донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар парлумон ва бунёди низоми қонунгузории сифатноку зарурӣ асос мегузорад.

Дар робита ба ин, Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш хеле бамаврид қайд намуданд, ки интихобот ваҳдат ва субот аст. Ҳар як ҳизб ё номзад барномаи сиёсии худро пешниҳод менамояд. Интихобот бояд ваҳдати кишвар бошад.

Ин аст, ки чорабинии сиёсӣ мазкур бояд дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунадагон доир гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори интихоботи демократӣ ва ба таври озоду шаффоф гузаштани он мебошад.

Сохторҳое, ки ба баргузории ин чорабинӣ масъуланд, бояд ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда ва ба номзадҳои пешбаришуда шароити баробар муҳайё созанд. Мо имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанги баланди сиёсӣ нишон дода, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихобот саҳми хешро мегузоранд.

Ҷиёнгул Қурбонова, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Like0