Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ, ҳарбӣ – амалӣ тирандозӣ аз силоҳи пневматикӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибттидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар байни таълимгирандагони таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгорони мудофиаи шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур муҳассилини муассиса таҳти роҳбарии мудири шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонони муассиса Мирзозода Саидаброр Саидӣ фаъолона ширкат варзида, дар натиҷа мудири шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон барои иштироки фаъолона дар мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибттидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 32 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаи Кумитаи ташкилоти ҷамъиятии мададгорони мудофиаи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.






