15-уми феврали соли 2025 дар толори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи падару модарони донишҷӯёни хобгоҳи муассиса баргузор гардид, ки дар он муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Завқибек Саидов, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Муродҳусайн Илҳомов, мудири бахши хобгоҳ Иҷобати Эмомалӣ, падару модарон, муовини декан оид ба тарбияи факултетҳо ва донишҷӯёни хобгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст Завқибек Саидов баромад карда, доир ба муносибати донишҷӯён ба раванди таълим ибрози андеша намуда, аз волидон хоҳиш намуд, ки ҳамкориро бо муассиса хуб ба роҳ монда, ҷиҳати ояндаи дурахшони фарзандони худ бетараф набошанд.
Дар идома Муродҳусайн Илҳомов доир ба дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, хосатан ҷавондухтарону бонувон сухан карда, доир ба шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва назорати ҷиддии волидон ба ин ҳолат, рӯ наовардан ба фарҳанги бегона ва ба ин васила эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги истифодабарии воситаҳои техникӣ, аз он ҷумла, телефони мобилӣ ва шабакаи интернет, риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ, дурӣ ҷустан аз маводи нашъаовар, муносибати дуруст ба роҳ мондан миёни ҳамдигар ва омӯзгорон, инчунин хониши асарҳои бадеиву иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ибрози назар намуд.
Сипас, Иҷобати Эмомалӣ, мудири бахши хобгоҳ доир ба зисту зиндагонии донишҷӯён ва шароити донишандӯзии муҳассилин дар хобгоҳ ибрози назар намуда, ба волидон дар бораи фарзандонашон хислатномаи шифоҳӣ пешниҳод намуд.










