Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади рушди муносибатҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ва эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор намудани конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими бехатарии ҳаёти мардуми сайёра»-ро рӯзи 5 июни соли 2025 ба нақша дорад.
Дар ин конференсия ширкати мутахассисони соҳаи забоншиносӣ, муҳаққиқон, сиёсатмадорони дохилӣ ва хориҷи кишвар дар назар аст.
Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:
-Пешвои миллат – ҳомии забони миллӣ;
-ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъияти инсонӣ ва таъсири онҳо ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ;
– зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир;
– нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти минтақа ва ҷаҳон;
– муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо кишварҳои дигар;
– робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо
– иттиҳоди Аврупо, Осиё ва Амрико;
– нақши забон дар ташаккули шахсият;
– ҳалли масъалаҳои забоншиносӣ ва истилоҳот;
– ҳалли мушкилоти тарҷума ва таъсири он ба рушди ҷомеа;
– таъсири муҳити муосири таълимӣ ба раванди таълим.
Даъвати иштирокчиён пас аз қабули дархост ва баррасии мақола амалӣ карда мешавад.
Забонҳои кории конференсия тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад. Барои иштирок дар конференсия шакли электронии мақолаҳо то 10 майи соли 2025 қабул карда мешавад.
Маводи конференсия пеш аз оғози конференсия нашр карда шуда, дастраси иштирокчиён мегардад.
Ба ғайр аз хароҷоти сафар (чиптаҳои ҳавопаймо ва манзил), хароҷоти боқимондаи меҳмонони хориҷие, ки дар конференсия иштирок мекунанд (хӯрок ва сайругашт ба ҷойҳои таърихӣ), аз ҷониби мизбон пардохт карда мешавад.
Барои гирифтани маълумот оид ба масъалаҳои дигари марбут ба конференсия, ба рақами +992938896748 занг занед ва ё ба почтаи электронии kollegi-omuzgori@mail.ru, azam.ap27@mail.ru муроҷиат намоед.
Масъул: Байдуллоев А.
Таманнои иштироки Шумо дар конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими бехатарии ҳаёти мардуми сайёра» ифтихори мост.
1. Ном, насаб ва номи падар;
2. Ҷои кор, вазифа;
3. Дараҷаи илмӣ ва унвон;
4. Маълумотҳои шахсӣ;
5. Номи кишвар, суроғаи почтаи электронӣ ва рақами телефон;
Талабот:
1. Мақола бояд ба суроғаи электронии kollegi-omuzgori@mail.ru ва azam.ap27@mail.ru. равон карда шавад;
2. Тартиби навиштани мақола чунин бошад;
– номи мавзуъ;
– Номи пурра, ҷои кор, вазифа ва дараҷаи илмӣ;
– матн;
– фишурдаи мақола;
– калидвожаҳо;
– адабиёт;
3. Варианти электронии мақола бояд дар намуду андозаи формати файли MS Word пешниҳод карда шавад;
4. Мақола бояд на камтар аз 3 саҳифа ва на бештар аз 12 саҳифа бошад;
5. Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ, дар шрифтҳои “Times New Roman” ё “Times New Roman Tj” бо фосилаи байнисатрҳо (1 см) навишта шавад. Фосилаи байни сатрҳо бояд якхела ва баробар ба 1,25 бошанд;
6. Андозаи ҳуруфи асосӣ бояд ба 14 баробар бошад;
7. Варақаҳо рақамгузорӣ карда намешаванд;
8. Муаллифон барои мундариҷаи дохили мақола, инчунин барои аслияти маводи дохили матни мақола (плагиат) масъул мебошанд.