Бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, иҷрои дастуру супоришҳои раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати рушд додани касбияти ҷавонон, бахусус, ҷавондухтарон 13-уми феврали соли 2025 аз ҷониби омӯзгори калони кафедраи педагогика ва психология Сайёра Холиқова аз фанни технологияи меҳнат ба донишҷӯёни курсҳои чоруми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дар заминаи синфи 9 дарси кушоди намунавӣ дар мавзуи “Оростани дастархони идона ва ҳамарӯза” баргузор карда шуд.
Дар дарс мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот Мастура Қосимова, муовини декан оид ба тарбияи факултети табиӣ – риёзӣ, педагогика ва психология Мадина Шаҳобова ва омӯзгорони кафедраи педагогика ва психология ширкат варзиданд.
Дар назди тахтаи синф донишҷӯён дастархони миллии тоҷикӣ ва дастархони аврупоӣ роста, хусусият ва тарзи оростани онро ба ҳозирин баён намуданд.
Инчунин, дар раванди дарс аз ҷониби омӯзгор ва донишҷӯён тамоми хусусиятҳои хоси дастархонороӣ бо риояи суннатҳои миллӣ ва одоби таомхӯрӣ фаҳмонида дода шуд.
Дар охир фаъолияти донишҷӯён натиҷагирӣ карда гардида, аз ҷониби иштирокчиён ба рафти дарс баҳои баланд дода шуд.
















