ОМОДАГӢ БА МАЪРАКАИ МУҲИММИ СИЁСӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани маъракаи сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо Участкаи интихоботии №11 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3, Ҳавзаи интихоботии №4 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Участкаи интихоботии №11 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Ҳавзаи интихоботии №11 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Участкаи интихоботии №11 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият

дорад.

Таҳти роҳбарии роҳбари Участкаи интихоботии №11 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3, директори Коллеҷ дотсент Зоир Ғафурӣ пайваста ба роҳбарон ва аъзои ҳавзаву участкаҳои номбурда ҷаласаю вохӯриҳо баргузор гардида, раванди омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Like0