14-уми феврали соли 2025 намояндагони Бонки рушди Осиё ба Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бо роҳбарияти муассиса дар бораи оғоз намудани сохтмони бинои таълимӣ дар муассиса ва раванди сохтмони он мулоқот баргузор карданд.
Нахуст директор Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ дар бораи дастгириву иқдомоти бузургу арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маорифу илм сухан гуфт.
Сипас, ҳайати меҳмонон аз замини бинои нави таълимӣ, ки корҳои сохтмонии он дар ояндаи наздик оғоз мегардад, боздид намуда, барои кормандон ва муҳассилини муассиса барои иҷрои масъулияти бузурги омӯзгорӣ ва донишандӯзӣ муваффақият таманно карданд.







