НАЗОРАТИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ АЗ ҶОНИБИ ДИРЕКТОР

Бо мақсади дуруст ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбия ва шинос шудан аз ҳолати китобдориву омодагии муҳассилин ба дарсҳо 4-уми феврали соли 2025 директори Коллеҷ, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло ва ҳайати раёсат аз раванди дарсҳои донишҷӯёни факултетҳо боздид намуданд.

Директори муассиса, пеш аз ҳама, ба ҳолати китобдориву таъмини китобҳои дарсӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода, зикр кард, ки бояд донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ таъмин бошанду аз китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва муассиса ба таври зарурӣ истифода баранд. Аз ин рӯ, ҳамаи донишҷӯёнро зарур аст, ки саривақт ба дарсҳо бо китобҳои дарсӣ ҳозир шуда, ба илмомӯзӣ машғул шаванд.

Дар охир директори муассиса ба садоратони факултетҳо дастур дод, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот ва давомоти донишҷӯён пайваста корбарӣ карда, онҳоро дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва донишандӯзию забономӯзӣ тарбия кунанд.

Like0