ВОХӮРИИ МУҲИММУ СУДМАНД БО ХАТМКУНАНДАГОН

Дар асоси дастуру супоришҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми феврали соли 2025 ба хатмкунандагони муассиса вохӯрӣ доир намуданд.

Дар мулоқот директори муассиса Зоир Ғафурӣ, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Завқибек Саидов, намояндагони вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салмон Мардонзода ва Ҳодӣ Назришоев ва садоратони факултетҳо иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории мулоқот ба муҳассилин ин пеш аз ҳама корҳои фаҳмонидадиҳӣ намудан оид ба соҳибкасб шудан, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, муҳоҷирати меҳнатии мақсаднок, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, шомил нашудан ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад.

Нахуст директори муассиса баромад намуда, изҳор дошт, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соҳибкасб намудани ҷавонон ва рӯ овардани онҳо ба касбу кори гуногун, инчунин беҳбуд бахшидан ба рушди таҳсилоти касбӣ ниҳоди мустақил – Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки он аз рӯзҳои таъсисёбӣ ба омӯзиши касбу кори гуногун аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир карда, корҳои муҳимро ба анҷом расондааст.

Дар идома Мардон Салмонзода баромада карда, дар бораи роҳҳои осони муҳоҷират ва чӣ тавр дар он муваффақ шуданро ба муҳассилин фаҳмонида.

Таъкид гардид, ки ҳар нафар бояд дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошад ва аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя карда тавонад.

Дар охир донишҷӯён саволҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

Like0