ҶАШНИ САДА – ИФОДАГАРИ ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ МАРДУМ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эҳё гардонидани анъана ва расму оини ниёгонамон, арҷ гузоштан ба гузаштаву сарчашмаи асолати миллии онҳо иқдомҳои бузургеро роҳандозӣ кардаанд. Бояд гуфт, ки ҷашну маросими фарҳангию суннатӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи умумиятҳои гуногуни башарӣ ба шумор мераванд. Маҳз ба туфайли пуштибонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҷашнҳои миллӣ, махсусан Наврӯзи оламафрӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, дар сатҳи хеле баланд таҷлил мегарданд. Таъкид гардид, ки тоҷикон аз зумраи он миллатҳои куҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашонро беосеб то ба имрӯз бирасонанд.

Боиси ифтихор аст, ки санаи 6-уми декабри соли 2023 бо ташаббуси Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Эрон ҷашни Сада аз тарафи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримодии башарият ворид карда шуд. Сада дар баробари ҷашнҳои таърихии мардумӣ, аз ҷумла Наврӯз,Тиргон ва Меҳргон яке аз оинҳои куҳантарини мардумони тоҷик буда, дар даврони соҳибистиқолии Тоҷикистон дубора эҳё гардид.

Мутобиқи тақвимҳои суннатии тоҷикон ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида, фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ наздик аст. Ин ҷашн ҳанӯз аз аҳди қадим, махсусан аз замони Сомониён бо як шуквҳу шаҳомати хоса истиқбол мегардид. Гузаштагони мо ҷашни Садаро ҳамчун падидаи кашфи оташ низ таҷлил мекарданд. Яке аз сабабҳои ситоиши ин ҷашн дар осори шоирону адибони маъруфи мо аз ҳамин сарчашма мегирад. Дар айёми Сада рӯзҳо то рафт дароз ва шабҳо кӯтоҳ мешавад.

Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба паҳлавони асотирӣ – Ҳушанг нисбат медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр кардаанд: «Аслан ҷашни Сада ҷанбаи табиӣ дошта, мобайни зимистон, вақте сардии ҳаво паст шуда, имкони ба замин сару кор гирифтан муҳайё мешавад, фаро мерасад. Мардуми кишоварз ҳангоми ба ҷо овардани суннатҳои ин ҷашн бо шодиву зушҳолӣ омадани баҳорро интизор мешаванд ва орзу менамоянд, ки аз баракати ҷашни Сада баҳори пурфайз насибашон гардад».

Кишоварзон ин ойини бостониро бештар аз дигар табақаҳои мардум гиромӣ медоранд ва шояд омили то замони мо зинда мондани Сада маҳз марди деҳқон бошад.

Дар фарҳанги асотир ва адабиёти форсу тоҷик омадааст, ки «Сада мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «сада»-и паҳлавӣ реша гирифта, дар арабӣ ҳамчун вожаи сазақ ва садақ шакл гирифта, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ бо барафрӯхтани оташ тайи маросими хоса анҷом мегирад. Ҷашни Сада панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда мешавад.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузори шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст. Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам тавъам мебошанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ин ҷашн ҳамчун маросими кишоварзону боғдорон ва дар маҷмуъ, ойини сирф мардумӣ таҷлил карда шуда, дар таблиғи ғояҳои неку моҳияти арзишмандии он, аз қабили садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ саъю талош меварзем.

Вожаҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон вожаҳои қадимии тоҷиканд, ки аз ғановати забону фарҳанги қадимии мо гувоҳӣ медиҳанд. Дар ҳамаи ин ҷашнҳо ваҳдати инсону табиат, муттаҳидиву якдилӣ, дӯстиву рафоқат, пирӯзии некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва сериву пурӣ бар қаҳтиву нодорӣ чашмрасу намоён буда, моро ба ободкориву хештаншиносӣ ҳидоят менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи «Тоҷикон дар оинаи таърих» зикр кардаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили огоҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонад».

Зинда нигоҳ доштану ба наслҳои оянда мерос гузоштани таърих, фарҳангу адабиёт, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ рисолати ҳар як миллати соҳибтамаддун маҳсуб мегардад.

Ифтихорманд аз онем, ки имрӯз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва оинҳои мардумӣ дубора эҳёву таҷлил мешаванд. Умри дубора бахшидан ба маросиму ҷашнҳои бостонии ориёӣ ва оммавӣ намудани онҳо, хусусан дар шароитаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангиву маънавӣ кори бисёр муҳим ба ҳисоб меравад. Бигузор оғози соли накӯ дар тамоми сол фаровониву ҳосиливу дастархони пур аз нозу неъматро бо худ оварда бошад.

Фирдавс Қаюмзода, декани факултети забонҳои хориҷии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ.

Like0