Ҷашни Сада яке аз идҳои куҳантарин ва бузургтарини бостонии миллати тамаддунофари тоҷик ба ҳисоб рафта, онро пайғом аз ғалабаи нур ба торикӣ меҳисибоданд. Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо иқдомоти таърихию дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари идҳои Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон ҷашни Сада низ дар кишвар дубора эҳё шуда, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Нахуст бояд қайд кард, ки ин ҷашн рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Ба ақидаи мардум, дар ин вақт сармо ба авҷи худ мерасад ва баъдан, рӯ ба эътидол меорад. Ин рӯзро муҳаққиқону олимони соҳа Обонрӯз низ меноманд.
Агар ба таърихи ин ҷашн бо назари таҳқиқ назар кунем, дармеёбем, ки Сада дар саргаҳи ҷашнҳои миллии ниёгони тамаддунофари мо қарор дошта, кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба киштукор, яъне тайёрӣ ба баҳор хабар медиҳад. Ин ҷашн ҳамчун рамзи иттиҳодиву ягонагӣ, хуррамиву ободӣ ва сиҳатмандиву хушрӯзӣ барои мардуми мо аҳаммияти бузурги таърихию иҷтимоӣ дорад.
Баъзе олимони соҳа Садаро ба фаъолияти Ардашери Бобакон ва қисми дигар мансуб ба Каюмарс медонанд. Манучеҳрии Домғонӣ низ дар яке аз қасидаҳояш аз Исфандиёру Каюмарс ёдгор мондани он ишора кардааст:
Ҷашни Сада, амиро расми кибор аст,
Ин оини Каюмарсу Исфандиёр аст.
Садаро бо номи “ҷашни оташ” ё “ҷашни зимистон” низ мешиносанд ва дар баъзе сарчашмаҳо аз ин ҷашн бо номи «садасӯзӣ» ёд мешавад. Бинобар ин, муҳимтарин нишонаи ҷашни Сада ин оташ аст, ки дар дунёи бостони тоҷику форс оташ рамзи нуру рушноии зиндагӣ ва ғалаба ба торикиҳою зулмот ва бадиҳо мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияшон ба муносибати ҷашни Сада чунин изҳор доштаанд: “Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст. Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад. Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагист.”
Ин сатрҳои тиллоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки эҳёгари ин ҷашни аҷдодӣ ҳастанд, бори дигар ба мо аҳаммияти бузурги Садаро бозгӯ карда, вазифадорамон мекунад, то ҳамаи оину ҷашнҳои миллиро пос ва гиромӣ нигоҳ дорем.
Яке аз адибони маъруфи асри XI Манучеҳрӣ дар бораи ин ҷашни таърихӣ гуфтааст:
В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш
Ҷашни Сада – талояи Наврӯзи навбаҳор.
Маълум аст, ки иди Сада ҳамчун пайғомрасони фасли баҳору ҷашни шукуҳманди Наврӯз ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки деҳқонону кишоварзон ҳар сол фарорасии ин ҷашни аҷдодиро интизор мешаванд, оташ меафрӯзанд ва ба орзуи зудтар расидани фасли баҳор гирди он давр мезананд.
Ба таъкиди Роҳбари давлат моро “зарур аст, ки арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати бостонии тоҷик, унсурҳои созандаву ободгарона, ғояҳои муттаҳидкунанда, ватандӯстона ва инсонпарваронаи ойину ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Садаро васеъ истифода барем.” Ин дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сармашқи кор ва шиори ҳаррӯзаи мо ба ҳисоб равад. Зеро арҷ гузоштан ба оину фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргон ва Сада вазифаи асосии мо, миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик мебошад.
Зоир Ғафурӣ, номзади илми филология, дотсент, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.