САДА – ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

Шуълаи Ҳурмузд дорад оташи мо,

Озарафрӯз аст қалби беғаши мо.

Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ,

Тоҷикему ориёӣ ҷашни моӣ.

Эй Сада, моро ба фарвардин расонӣ,

К-оташи ту борад оби зиндагонӣ.

Оташу обад кунад зулматзудоӣ,

То ҷаҳонро нури яздонӣ физоӣ.

Эй Сада, эй ҷашни асли ориёӣ,

Тоҷикему ориёӣ ҷашни моӣ.

Аскар Ҳаким

Воқеан, Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории Шамсӣ таҷлил мегардад. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро мерасад. Сабаби Сада ном гирифтани ин ҷашни бузург дар он аст, ки аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад, ки ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони баруманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷояги то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дарбар мегирад. Ин ҷашни бузург ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, ҷашни миллӣ буда, то ба замони мо оину суннатҳои ниёгонро ҳифз намудааст. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр карданд: “Дар миёни қувваҳои саршумори бадӣ, ки дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».

Таърихнигори замони Сомониён Муҳаммади Наршахӣ хабар медиҳад, ки дар Бухоро бо номи «Шаби Сурӣ» – оташи калоне фурӯзон карда мешуд, ки он ҷашни Садаро хотиррасон мекард. Ин ҷашн дар замони Ҳахоманишинҳо ва Сосониёну Сомониён хеле густариш ёфта, ба дигар кишварҳо бо роҳҳои гуногун паҳн гардидааст. Пеш аз ҳама, бояд ёдовар шуд, ки маълумот дар бораи пайдоиши ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ хеле муфассалтар ва пурмаънотар аз он маълумотест, ки дар ҳамин китоб дар бораи Наврӯз ва Меҳргон омадааст.

Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, русҳо ҳамчун ҷашни «масленица» бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба шарофати соҳибистиқлолӣ иди Сада аз нав эҳё гардида, ҳамасола онро дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Сада ҷашни пиру ҷавон, зану мард ва ҳамаи шаҳрвандон аст. Ҷашнии Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ҷашни миллӣ мебошад.

Хулоса, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, соҳибихтиёр гардидани миллати тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чанд сол боз ин ҷашни таърихӣ низ таҷлил мегардад, ки ин гуна иқдомҳои нек, боиси эҳёи оину суннатҳои ниёгон гардида истодааст, ки ҳамасола дар саросари Ватани азизамон – Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомат ва бо як руҳияи баланд ҷашн гирифта мешавад.

Раҷабгул Абдуллоева, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ.

Like0