Сада дар баробари Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёинажод аст, ки аз замонҳои қадим бо шукуҳу шаҳомати хоса рӯзи даҳуми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид. Мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз чил шабонарӯзи омадани шаби ялдо фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи “сад” гирифта шуда, аз даҳуми моҳи Баҳман то омадани моҳи Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро фаро мегирад.
Доир ба пайдоиши ҷашни Сада дар сарчашмаҳои илмӣ маълумотҳо гуногун баён шудаанд. Аҷдодони баруманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз сад шабу рӯзро ташкил мекард. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ: “Сада Обонрӯз аст аз Баҳманмоҳ ва он даҳум рӯз бувад ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ва бомдод гирди ҳам ҷамъ шаванд ва хушҳолӣ кунанд ва низ гурӯҳе аз он бигурезанд, то ба сӯзонидани ҷонварон. Аммо сабаби номаш чунин аст, ки он то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб”.
Аз ин ишораи илмӣ бармеояд, ки ба андешаи Абурайҳони Берунӣ “Сада панҷоҳ шаб ва панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз таҷлил мегардид.” Аммо дар сарчашмаи дигари илмӣ Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и худ пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми Пешдодиён – Ҳушанг нисбат медиҳад.
Мувофиқи нигориши ӯ, Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт ва он ҷо мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта сӯйи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи Яздонӣ пазируфт. Ва аз ҳамон замон бузургдошти оташро ба ҷо овард. Дар натиҷа ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқи ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд.
Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта дар атрофи он хурсандӣ мекарданд ва онро муқаддас медонистанд. Ба ҳамин хотир, ҷашни Садаро ҷашни оташ низ мегуфтанд.
Дар ин таъкиди Фирдавсӣ падид омадани оташ ва рушноӣ муҷиби мубориза ба муқобили торикӣ буда, арзи ҳастӣ кардани ҷашни Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ карда, ба ҳамдигар орзуву таманиёт менамуданд ва ба ин восита кинаву адоватро аз байн мебурданд. Ин рукнҳо баъдан ба анъанаи миллӣ табдил ёфта, то замони мо омада расидааст.
Аммо дар дигар сарчашмаҳои илмӣ доир ба пайдоиши ҷашни Сада чунин ишора шудааст, ки расидани фарзандони одам ба адади сад мебошад, яъне адади фарзандони одам ба сад расид ва ба хотири ин Садаро ҳамчун ҷашни хушҳолӣ таҷлил карданд. Ҷойи дигар ишора шудааст, ки нахустин одам Каюмарс мебошад, ки сад фарзанд надошт. Ҳангоме ки шумораи фарзандони вай ба сад расид, ба ин хотир ин ҷашнро Сада номида таҷлил намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҷашни Сада ба оини меҳргароӣ дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ аз 3 ҳазор то 5 ҳазор сол пеш мавҷуд будааст. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Пештар гузаштагони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрухтанд ва дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд. Сада то асри XII ҷашн гирифта мешуд. Аммо баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он: гулхан афрӯхтан ва дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Ба таъкиди донишмандон ҷашни Садаро гузаштагони миллати куҳанбунёди мо ҳамчун рамзи паси сар шудани сад рӯзи зимистон, яъне гузаштани сардиҳо таҷлил менамуданд. Бояд зикр кард, ки пайдоиши ин ҷашн ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммуи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад. Ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтаанд ва баъдиҳо онро рӯзгори мо расонидаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рушноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунанд.
Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро ҳама ё тобистони бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози Фарвардин баробар ба 21-ум ва гоҳе 22-юми март шуруъ шуда, то охири моҳи Меҳр мутобиқ ба 22-юми октябр идома меёфт. Дуюминро Заянна зимистони бузург мегуфтанд, аз аввали моҳи Обон баробар ба 23-юми октябр сар мешуд ва то поёни моҳи Исфанд мутобиқ ба 20-уми мартро дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт.
Аз ин ҷост, ки ориёиҳо бо вуҷуди сардиҳо дар даҳаи иди Сада ба об медаромаданд ва баданро пок менамуданду либосҳои оҳарин мепӯшиданд. Ҳар кадоми онҳо пайдоиши оби гармро ба тариқи худ маънидод мекарданд. Вале моҳият ҳамон аст, ки аз ривоятҳо берун мешавад ва ба тахмин макони тавлиди оташ инҷост ва шояд ҳақ ҳам доранд, зеро натиҷа мегиранд, ки сарзаминҳо бо муъҷизаи об дар олам камшуморанд.
Дар замонҳои эронии бостон ба гунаи “Садок” ва дар форсии миёна ба гудаи “Садак” ёд мешавад. Гуфта мешавад, ки гузаштагони мо нахустин рӯзи зимистонро пас аз шаби ялдо тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр медонистанд ва онро ҳамоҳанг дар даҳумин ва чиҳилумин рӯзи тавлиди оини куҳан ва зиндаи эронӣ медонистанд ва дар ҳамаи сарзаминҳои эронӣ ҷашн мегирифтанд.
Оид ба истилоҳи Сада фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба таври гуногун истиқбол мегиранд. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст, ки дар даҳумин рӯзи баҳманмоҳ ё Обонрӯз бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ дар назди хонаи худ ё дар баландии куҳистон гирд овардаанд, ин ҷашн оғоз мешавад.
Дар ишораҳои таърихӣ зикр мегардад, ки ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамоии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳала ва русто дар як ҷо ва бо афрӯхтани оташ баргузор мешудааст. Ба ин тартиб, Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон арзёбӣ мегардад.
Ба таъкиди муҳаққиқон, аз шаби таваллуди Хуршед пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани Офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст.
Ҳамин тавр, ниёгони мо чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми Баҳман чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз панҷоҳ рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки дар гузашта ниёгони мо ҷашни Садаро дар замоне баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз Обон, Озар, Дай ва даҳ рӯзи Баҳман мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим, дар ин вақт сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмуз меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд.
Ба гуфти бархе аз донишмандон, ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни Садаро барпо мекарданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармиву гармӣ вориди рӯзгори мо гардидааст. Аз гузаштаи сармои шадид, ки нерӯи аҳриманист, хушҳолӣ мекарданд.
Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва оини меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан 10-12 ҳазор сол пеш дар сарзамини паҳновари Фарохнои Ориёно падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии шаби ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.
Сада нозанинтарин ҷашни аҷдод аст. Ӯ дар худ паёме аз даврони куҳан, аз ихтирои бузурги инсоният дорад. Аз меҳрпарастӣ нишон аст. Сада комилан сар то по ва дар зоҳиру ботин намунаи барҷастаи ҳикмати кӯҳан аст. Дар асл фасли дай фароғат аст барои мардуми кӯҳманзар. Бачаҳо ба чана ва барфбозӣ машғул мешаванд ва бозии дӯстдоштаи онҳо гулафшонӣ буд, ки бо оташ сурат мегирифт мисли рангпардозиҳои замони нав. Ҳар тан ҳунару амал карда, сарвати хешро намоиш медиҳанд, дастархони чиллагӣ ё ҷашнӣ меороянд, ки бештар аз он донагиҳост ва бо ширу равған ҳамсоягонро муроот мекунанд, орову торо медиҳанд худу фарзандонашонро.
Мавриди зикри хос аст, ки баъди расидан ба Истиқлол ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд. Таҷлили баъзеи онҳо манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихию фарҳангии халқамон боқӣ монда буду халос. Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин, муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик дар мадди аввал гузошта шуд.
Дар баробари ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, пайваста даъват ба амал меоварданд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.
Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносию мардумшиносӣ дар ҷумҳуриамон бо диди нав оғоз гардид ва расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ замина гузоштаанд, аз нав эҳё гардидаанд, ки дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни милливу мардумӣ: Наврӯз, Меҳргон ва Сада хосса мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Наврӯзу Меҳргон ба таҷлили ҷашни Сада низ дар кишвар таваҷҷуҳ намуда, дар яке аз баромадҳояшон таъкид карда буданд, ки барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадима дорад ва бояд аз нав эҳё гардад. Ҳамин таваҷҷуҳи Пешвои миллат буд, ки имрӯз ин ҷашни аҷдодии мо чун Наврӯз ва Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад ва суннатҳои қадимаи он зина ба зина эҳё мегарданд.
Ҷиёнгул Қурбонова, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ.