Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар бораи таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Аз ин ҷост, ки Паёми солонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳидоятнома ба фардои дурахшон дар назди ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва ҷавонону бонувон вазифаҳои мушаххасу созанда гузошт.
Бояд қайд кард, ки ҳар як Паёми Сарвари давлат ҷомеаро барои бунёдкориву созандагӣ, иттиҳодиву ватандӯстӣ ва худшиносиву арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят карда, ба миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик паём аз музаффариятҳо ва дастовардҳои имрӯзу оянда медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ бори дигар соҳаи маорифро мавзуи меҳварии Паём қарор дода, таваҷҷуҳи бештарро ба ин самти муҳимму афзалиятнок зарур ҳисобида, аз ҷумла, чунин изҳор доштанд: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.”
Инчунин, дар Паём зикр шуд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Инчунин, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабию таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз ва маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маорифу илм, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
Дастгириҳо, ташаббусҳо ва корҳои бузургу мондагори Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорону донишомӯзон ва соҳаи маорифу илм шоистаи зикру ифтихор буда, ин ҳама моро водор мекунад, то бо меҳнати содиқонаву самимона ва масъулияти баланд саҳми хешро барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва илм гузошта, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ роҳнамоӣ кунем.
Агар дирӯзро бо имрӯз муқоиса карда, бо назари таҳқиқу ибрат жарфтар нигарем, дақиқтару амиқтар дармеёбем, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи дурахшони миллат ва рушду тараққиёти соҳаи маориф ва илм бо заҳмату ибтикороти таърихӣ корҳои бузургеро ба анҷом расонидаанд.
Хулоса, ин ҳама ташаббусҳои бузургу таърихӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар таърихи маорифу илми кишвар бесобиқаву беназир мебошад. Аз ин хотир, мо, кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама иқдомот бо истифодаи таҷриба ва дониши хеш баҳри дар амал татбиқ намудани он ҳама дастуру супоришҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти густурдаву назаррасро ба роҳ монда, бо ин роҳ кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.
Парвина Саидова, мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.