МАВҚЕИ ЗАН – МОДАР ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҳти ин унвон 30-юми январи соли 2025 дар толори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ – сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Мавлуда Шарифова, муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, Саодати Исайнӣ, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзигул Юсуфзода, мудири бахши таҳсилоти дини кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайнаб Анварӣ, директори Муассисаи давлатии маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Ализода Фарида, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Шаҳло Ҳасанзода, Саёҳат Қурбонова, кормандони Раёсати кор бо занонва оилаи шаҳри Душанбе, мудири бахши идоракунии сифати таҳсилоти коллеҷ Мастура Қосимова, раиси Шурои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони муассиса Парвина Саидова ва омӯзгорзанони муассиса иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ ҳайати иштирокчиён изҳор доштанд, ки воқеан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан – модар дар ҷомеаи навини кишвар бомаром баланд бардошта шуда, тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳуқуқи зану мард баробар дониста мешавад.

Таъкид гардид, ки маҳз дастгириҳои ҳаматарафаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ин қишри ҷомеа буд, ки дар кишвар барои рушду дастгирии занону бонувон чандин барномаву стратегия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул карда шуд ва ҳамин ташаббусу дастгириҳо буд, ки имрӯз занони хуштолеъи мо дар баробари мардон дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳатто дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият карда истодаанд.

Зикр шуд, ки ҳамасола ва имсол низ Президенти кишвар дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2024 дар бинои нави Парлумони Тоҷикистон нисбат ба занону модарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҷиҳати ҳарчӣ бештар дастгирву баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ба Ҳукумати мамлакат ва тамоми сохторҳои ҷумҳурӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Like0