Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнҳои миллии тоҷик, ба мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон аз нав эҳё гардиданд. Дар баробари ин ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боз як бори дигар бозгӯйи ғановати мероси фарҳангии халқи тоҷик мебошад. Сада яке ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик мебошад, ки аз қадимулайём онро таҷлил менамоянд.
Воқеан, Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30 ва оғози 31-уми январ рост меояд.
Сада ифшогари таъриху фарҳанги бой ва ҳамчунин, ҷашни бедорӣ ва худшиносии миллии мост. Фарорасии ҷашни Сада мужда аз оғози фасли баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз меорад.
– Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз, – гуфтаанд ниёгони некноми мо. Вожаи Сада аз шумораи (сад) ва пасванди (а) сохта шудааст. Дар баъзе луғатномаҳо вожаи Сада ба маънои аср, қарн яъне сад сол низ меояд. Чунончӣ садаи 20, 21 ва ғайра. Вале, аслан Сада ҷашн аст, ки даҳи баҳман, яъне сад рӯз пас аз зимистони панҷмоҳаи Эрони бостонӣ гирифта мешуд ва дар ин ҷашн мардумон оташафрӯзӣ мекарданд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик мақому манзалати шоиста дорад. Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимиву амиқи худ Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид. Имрӯз ҷашни Сада падидаи фарҳангӣ ва асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст. Рамзу маъноҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад».
Бояд қайд намуд, ки ҷашни Сада мисли Наврӯзу Меҳргону Тиргон дар ягон давру замон шукуҳу эътибори худро аз даст надода, аз тарафи шоҳу амирон бо хосу ом ҳамеша бо шукуҳи хосса таҷлил мешуд. Шоирони забардасти тоҷик Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Унсурии Балхӣ, Манучеҳрии Дамғонӣ ва садҳои дигар дар ашъорашон идҳои миллии мо Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргонро васфу тавсиф намудаанд.
Вожаҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон вожаҳои зебову қадиму асили тоҷикианд, ки аз ғановати забону фарҳанги қадимии мо гувоҳӣ медиҳанд. Дар ҳамаи ин ҷашнҳо ваҳдати инсону табиат, муттаҳидиву якдилӣ, дӯстиву рафоқат, пирӯзии некӣ бар бадӣ, нур бар зулмат, гармӣ бар сардӣ ва сериву пурӣ бар қаҳтиву нодорӣ чашмрасу намоён буда, моро ба ободкориву хештаншиносӣ ҳидоят менамоянд.
Музаяна Мустафоева, мудири кафедраи забонҳои хориҷии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ.