СЕМИНАРИ СУДМАНДИ ОМӮЗИШӢ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

о мақсади татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2025 “Соли сифати таҳсилот” дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 28-уми январи соли 2025 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Истифодаи усулҳои фаъоли таълим воситаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш аст” семинари дастурӣ – методӣ баргузор карда шуд.

Дар кори семинар муовини аввал, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Завқибек Саидов, мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот Мастура Қосимова ва ҳайати омӯзгорони муассиса шикат варзиданд.

Нахуст семинарро Завқибек Саидов ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба баланд бардоштани сифати таҳсилот суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки мо бояд ба сифати таҳсилот аҳамияти аввалиндараҷа бидиҳем. Аз ин рӯ, ҳамаи моро мебояд бо истифода аз воситаҳои техникӣ ва методу усулҳои нави таълим барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ҳамчун омӯзгор, зиёӣ ва равшанфикр саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар идома дар мавзуи “Амалиёти дуҷонибаи омӯзгор ва донишҷӯ яке аз усурҳои муосири таълим мебошад” омӯзгори кафедраи педагогика ва психология Шамсия Носирова баромад намуда, аз таҷрибаи худ ва назарияҳое, ки дар семинарҳои вумҳуриявию байналмилалӣ иштирок кардааст, ба ҳамагон маълумотҳои муфид дод.

Баъдан, Мастура Қосимова, Сазоваор Набиев ва Назарбегим Алифшоева дар мавзуҳои “Таълими салоҳиятнокӣ дар раванди дарс”, “Истифода бурдани усулҳои фаъоли таълими иноватсионӣ дар гузаронидани дарсҳои назариявӣ – аудиторӣ”, “Маҳорати омӯзгорӣ – натиҷаи самарабахши таълим аст” тариқи слайд баромад намуданд.

Боиси зикр аст, ки баъди ҳар маъруза омӯзгорон ба музокира баромада, фикру пешниҳодҳои худро вобаста ба мавзуҳои матраҳшаванда ба тариқи саволу ҷавоб пешниҳод карданд.

Like0