Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Инҷост, ки дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳояшон доир ба маориф ва рушди бомароми он андешонӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва мавқеи омӯзгор суханҳои гуҳарбор иброз менамоянд.
Боиси зикру ифтихор аст, ки соли сипаришуда 28-уми декабр яке аз рӯйдодҳои муҳим барои тамоми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон, яъне Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар фазои мутантан ва дар бинои нави Парлумони Тоҷикистон ироа гардид.
Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба вижагиҳои худ аз паёмҳои ҳарсола тавофутпазир буда, дастовардҳои муҳимму таърихие, ки дар самти маориф, варзиш ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хушнудии зиёд ба мардум расонида шуд, далели он мебошанд.
Бо сарфарозӣ бояд зикр кард, ки Пешвои муаззами мо ҳамеша соҳаи маорифро самти калидӣ ва шоҳсутуни давлату милат меҳисобанд ва асоси пешрафти ҷомеаро маҳз ба ин соҳа мансуб медонанд. Борҳо Роҳбари давлат чунин зикр кардаанд: “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам”. Ин ва дигар суханони гуҳарбори Сарвари давлат, Пешвои маҳбуби тоҷикон дар васфи омӯзгор ва соҳаи маориф ба мо, омӯзгорон қувваи дубора мебахшад.
Зери таваҷҷуҳи хосса ва бо дастгириҳои ҳаматарафаи Пешвои муаззами миллат ҳамасола дар саросари кишвар бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст садҳо муассисаи томактабӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин, дигар муассисаҳои соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва саноатӣ бо тамоми шароитҳои муосир ва ба стандартҳои сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта ба истифода дода мешавад ва ин амали накӯро Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи хеш чунин шарҳ доданд: “Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад”.
Бояд зикр кард, ки яке аз бузургии Пешвои муаззами мо, тоҷикон дар он аст, ки ба ҳар амали неку хайре, ки ҳар фарди ҷомеа ба анҷом мерасонад, сипосгузорӣ менамоянд ва бар ивази он ғамхориҳои бесобиқа зоҳир менамоянд. Маҳз, барои соҳибкорони ватандӯст, ки дар рушду нумуи Ватани азизамон саҳми арзанда доранд, дар Паёми солонаи худ, ки як мақоми олӣ аст изҳори ташаккур намуда, барои ин табақаи созандаи ҷомеа имконоти бузургу боиси ситоиш фароҳам оварданд: “Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён мекунам.
Пешниҳод менамоям, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум моратория эълон карда шавад”. Воқеан ин гуфтаҳо ва дастгириҳову ғамхориҳо боис мешавад, ки соҳибкорони меҳанпарасти мо баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии Ватани азизи худ боз ҳам бештару беҳтар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Маврид ба зикри хост аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва зери таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату ҳукумат барало чашмрас аст, ки соҳаи маориф бамаротиб ва суръати ниҳоят баланд пеш рафта аст ва дар тамоми муассисаҳои таълимӣ базаи моддию техникӣ дар сатҳи хубу олӣ таъмин гардидааст. Ин ҳама маҳз аз шарофати якдиливу ягонагӣ, Истиқлоли давлатӣ ва сарҷамъии халқи шарафманди тоҷик дар атрофи сиёсати хирадмандонаву раиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Инҷост, ки дар мисоли мо, омӯзгорон ҳарф занем агар ҳар як дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбубамонро, ки доир ба соҳаи маориф дода мешавад якдилона ва сарбаландона ба уҳдаи худ мегирем ва иҷрои онро рисолати асосии худ меҳисобем ва онро самимона дар амал татбиқ менамоем. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат, чӣ тавре ки дар боло гуфта гузаштем ҳар як амалу хизмати ҳар сокини мамлакатро аз деҳқон то зиёӣ қадр мекунанду онро дар ҳама баромадҳои худ васфу ситоиш ва аз ҳама муҳим қадрдонӣ мекунанд.
Маҳз дар ду соли охир дар ҳаҷми 60-70 фисад баланд гардидани музди маоши кормандони соҳаи маориф далели гуфтаҳои болост. Ҳамаи ин ғамхориҳо боиси баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардида, омили пешрафти соҳа мебошад ва мо, кормандони соҳаи маорифро, ки дар мафкураи халқ созанда ва зиёӣ ҳастем водор месозад, ки ба пешрафти ҳаматарафаи соҳа аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем, сатҳу сифати таҳсилотро баланд бардорем ва барои дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бомаром рушд кардани соҳаи маориф ва объекти он хонандагону донишҷӯён камари ҳиммат бубандем. Дар ин баробар, наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, меҳанпарастиву меҳнатдӯстӣ, шинохти ниёгони худ, пост доштани таърихи гузаштаи хеш ва гироми нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбият намоем ва нагузорем, ки онҳо зиракии сиёсиро аз даст диҳанд, зеро донишҳои сиёсӣ ва донишҳои илмӣ ба ҳам тавъаманд.
Абдуҳаким Каримов, декани факултети филология ва таърихи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.