Ҷаҳони муосир зеҳнияти баландро ҷиҳати пешбурди соҳаҳои воқеии иқтисодӣ тақозо менамояд. Аз ҷумла, фаҳмиши истифодаи техника ва технологияи инноватсионӣ ба ташаккули зеҳнияти инсон таъсири мусбӣ расонида, қоидаҳои дурусти ғункунӣ, нигоҳдорӣ, коркардабарорӣ ва интиқоли маълумотро бо ёрии компютер ба миён овард. Ҳамин аст, ки дар иқтисодиёт воситаҳои худкори рақамӣ барои осону дастрас ва шаффоф гардидани иҷрои кору хизматрасонӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-декабри соли 2024 зикр намуданд, ки: “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ…
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”.
Имрӯз дар натиҷаи таваҷҷуҳи зиёд ба истифодаи васеи технологияи инноватсионӣ, усули кору хизматрасонӣ дар мамлакат тағйир ёфта, шароити хуби зиндагиро фароҳам овардааст.
Иқтисоди рақамӣ ба истифодаи васеи технологияи информатсионӣ марбут буда, дар он воситаҳои электронӣ фаровон ба кор бурда мешаванд. Яъне ҳамаи амалиёт тариқи технологияҳои ҳушманд иҷро мегардад. Ин аст, ки имрӯз истифодаи технологияи инноватсионӣ на танҳо сифати кору хизматрасониро беҳтар кард, балки раванди идоракуниро осон намуда, самаранокии иқтисодиро дар пешбурди фаъолият фароҳам овардааст.
Ба андешаи коршиносон рақамикунонӣ таҳаввулоти ҷиддиро дар соҳаҳои воқеии иқтисодӣ ба вуҷуд овард. Масалан, корбарӣ бо «Равзанаи ягона», «Системаи худкори бақайдгирӣ» ва воситаҳои асосии ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ эътимоднокии истифодабарандагонро дар бахшҳои андоз, бақайдгирӣ, тиҷорат, истеҳсолот, сохтмон, хизматрасонӣ ва ғайра бештар намудааст.
Дар раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт хароҷоти молиявии истифодабарандагон кам гардида, дар натиҷаи фосилавӣ анҷом додани амалиёт вақт низ сарфа мешавад, ки ин барои пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати ҳаёти мардум манфиатовар мебошад.
Хулоса, гузариш ба иқтисоди рақамӣ дар татбиқи Консепсияи Ҳукумати электронӣ, фармон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон, барнома ва лоиҳаҳои қабулгардида мусоидат менамояд, ки ин ба рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Лутфулло Ҳакимов, мудири кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷ.