Бо мақсади натиҷагирии дастуру супоришҳо ва тақвият бахшидан ба омодагиҳо ба нимсолаи дуюми соли таҳсили ҷорӣ 27-уми январи соли 2025 ҷаласа директори Коллеҷ бо ҳайати раёсат баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа директори таълимгоҳ, номзади илмҳои филология, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, Раиси Иттифоқи касабаи кормандону донишҷӯён Мирзозода Саидаброр Саидӣ, муовинони директор, деканони факултетҳо, мудирони бахшҳову шуъбаҳо иштирок намуданд.
Дар қисмати аввал ҳисоботи сохторҳои Коллеҷ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои пешниҳодшуда шунида шуд.
Дар идома роҳбари муассиса доир ба ҳаматарафа омода гардидани муассиса ба нимсолаи дуюми соли таҳсили ҷорӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки ҳар як омӯзгор бояд бо маводи таълимии комил ва омодагии ҷиддӣ ба дарсҳо ҳозир бошад. Инчунин, ҳамаи синфхонаи фаннӣ, таълимӣ ва лабараторияҳо бояд дар сатҳи зарурӣ омода карда шаванд. Илова ба ин, ҳамаи тахтаҳои электронӣ, проекторҳо, смартдоскаҳо ва дигар воситаҳои баландбардории раванди таълим бояд дар синфхонаҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шаванд.
Дар охири ҷаласа роҳбарияти муассиса бори дигар ҳамаи сохторҳои Коллеҷро дастур дод, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани маъракаи сиёсӣ, яъне интихоботи дарпешистода саъю талош намуда, вазифаҳои хешро дар сатҳи баланд ба иҷро расонанд.