Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28.12.2024с дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, якчанд масъалаҳои муҳимми рӯзмарра доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар фаро мегирад. Ҳамасола, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни ҳар як суханронии хеш вобаста ба тақвияти илму дониш, мактабу маориф, баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, арзишҳои баланди ҳувияти миллӣ доштан нисбат ба халқу Ватан, огоҳӣ доштан аз таърихи гузаштагону ниёгони худ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат, арҷ гузоштан ба муқаддассоти миллӣ, нобиғагони миллат ва муаррифии онҳо дар арсаи байналмилалӣ таъкид менамоянд.
Боиси қайд аст, ки Ҳукумати мамлакат пайваста ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Бинобар ин, дар Паём аз ҷониби Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомотҳои дахлдори соҳаи маориф супориш дода шуд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Дар Паём маълум гардид, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Илова бар ин, аз тарафи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбута супориш дода шуд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ пайваста талош менамояд.
Бояд таъкид намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик иттиҳод гардида, ормонҳои ҳазорсолаи хешро дубора эҳё намуд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин фосилаи барои таърих бисёр кӯтоҳ мамлакати мо на танҳо ба давлати мутараққию дӯстдоштаи тамоми тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт, балки арзишҳои илмию фарҳангии онро баъди зиёда аз 1000 – соли фаромӯшӣ эҳё намуда, номи шахсиятҳои таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии миллати тоҷикро дубора зинда гардонид.
Аз ҷумла аз соли 1999 баргузории 1100 – солагии таъсиси нахустин давлати тоҷикон – Сомониён ва дар солҳои баъдӣ таҷлили 1310 – солагии ин нобиғаи бузурги миллати форсу тоҷик Имоми Аъзам, 1150 – солагии сардафтари адабиёти класикии тоҷику форс, одамушшуарро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 600 – солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 700 – солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 150 – солагии Нақибхони Туғрал ва даҳҳо шоирону олимон ва донишмандони миллат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷлил карда шуд.
Ҳамзамон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба бахшида ба бузургдошти 815 – солагии нобиғаи ҳама давру замонҳо Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар конфронс муовини аввали мудири кулли ЮНЕСКО Габриела Рамос, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани Рӯдакӣ дар Фаронса ва мавлоношиносон аз тамоми қаламрави ҷаҳон иштирок доштанд.
Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ адибест, ки бо гузашти солҳо меҳраш ба қалби ҳамагон шуъла мепошад ва ҳамасола беш аз пеш дар борааш мегӯянду менависанд. Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ дар ганҷинаи маданияти умумиҷаҳонӣ осори бой боқӣ гузоштааст. Мавлоно мутафаккири бузурги замонаш буда, дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назариявӣ хидмати бузург кардааст.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтани 800 – солагии Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ, ҳамасола 30 – сентябр эълон шудани Рӯзи бузургдошти ин нобиғаи беҳамто дар Тоҷикистон ва баргузор намудани озмуни “Маснавихонӣ” аз сиёсати фарҳангпарварона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат дарак медиҳанд. Мо, тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин донишманди хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои мо, миллати тоҷик ба сӯйи фардои дурахшон мебошад.
Маҳина НАЗАРЗОДА, омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷ.