ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ – МУАРРИФГАРИ ЧЕҲРАҲОИ НАВ ДАР РОҲИ ИЛМ

Халқи тоҷик аз даврони куҳан бо тамаддуну фарҳанги худ аз дигар миллату халқиятҳо фарқ карда, ба китоб, китобнависиву китобхонӣ ва ихтироъкориву навоварӣ майлу рағбати беандоза дошту дорад. Тамоми мамлакатҳои рӯйи дунё моро ҳамчун миллати китобдӯст ва китобнавису навовар мешиносанд. Ҳамаи ин малакаҳои фитриву азалии халқи моро ба инобат гирифта, дар замони соҳибистиқлолӣ низ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори самтҳои гуногун ба соҳаҳои илму маориф, китобу китобдорӣ ва ихтироъкориву навоварӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Яке аз дастовардҳои муҳим ва фарҳангии даврони истиқлол, ин ташкили озмунҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ ба шумор мераванд, ки тайи чанд сол аст, дар кишвари мо ҷараён доранд. Мисоли ин гуфтаҳо ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи сӯбҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” мебошанд. Ин озмунҳо боис гаштанд, ки теъдоди нафарони китобхон дар кишвар рӯз то рӯз зиёд гардад ва барои онҳое, ки малакаи ихтироъкориву навоварӣ доранд, имконоти мусоидро фароҳам оранд.

Имрӯзҳо ҳеҷ халқу миллатро бе соҳаи техникаву технология тасаввур карда намешавад. Зеро асри 21 худ асри техникаву технология аст. Бахшида ба рушди ин соҳаҳо озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ташкил карда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 – феврали соли 2021, №АП44 дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегардад, ки он ба амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав равона гардидааст.

Дар озмун шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсил (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда метавонанд.

Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, замина барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ гардидааст.

Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2025 дар Озмун номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова карда шуда, шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ҷой ба 156 ҷой зиёд гардид.

Маврид ба зикр аст, ки танҳо дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» шоҳзоиза пешниҳод шудааст, ки ин иқдом таваҷҷуҳи ҷавонону наврасонро ба ихтироъкорӣ ҷалб мекунад. Илова бар ин, хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар сурати сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан дар даври ҷумҳуриявии озмун ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.

Илмҳои дақиқ илмҳое мебошанд, ки дар ояндаи дурахшони Тоҷикистон нақши муҳим бозида, хеле зарурӣ мебошанд ва бо омӯзиши ин фанҳо мо метавонем, ҷодаҳои манфиатоварро бештар кашф намуда, фардои саодатбори миллати азизамонро таъмин намоем.

Итминони комил дорем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҳар ҷиҳат ба илмомӯзии хонандагон ва дигар қишрҳои ҷомеа фоидаи зиёд мерасонад ва баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ яъне саноатикунонии босуръати мамлакат ва амалисозии тарҳи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» нақши бориз гузошта, миллати созанда ва ихтироъкору навовар будани моро бори дигар ба ҷаҳониён собит месозад.

Шуҳрат Нарзуллоев, ассистенти кафедраи математика ва информатикаи Коллеҷ.

Like0