ОҒОЗИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТИЮ ТАШВИҚОТӢ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

Дар асоси дастури раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз санаи 11-уми марти соли 2024 гурӯҳи тарғиботии муассиса кори худро ҷиҳати муаррифии дастоварҳо ва имконоту шароитҳои мавҷудаи Коллеҷ оғоз кард.

Имрӯз гурӯҳи корӣ дар шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб тарғибу ташвиқ гузаронида, ба ҳар як хатмкунандаи синфҳои 9 ва 11 варақаҳои иттилоотӣ (буклет) ва яктои нашрияи «Шамъи рӯзгор», ки дар он вобаста ба имконоти мавҷуда ва шароити таҳсил дар Коллеҷ маълумот мавҷуд аст, тақдим гардид.

Ҳамзамон, ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои мазкур маводи тарғиботӣ дода шуд, то ки ба дигар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқ ба хатмкунандагон расонанд.

Дар охири ҳар мулоқот дар муассисаҳо хатмкунандагон ба аъзои гурӯҳи корӣ саволҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт карданд.

Like0