НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Занон, ки офарандаю созанда, тарбиятгару устоди аввалини ҳар як шахс мебошанд, дар тарбияи насли солиму ояндасоз нақши калидӣ мебозанд. Мавқеи зан дар ҷомеа зери таваҷҷуҳи доимии Президенти мамалакат қарор дорад.

Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгири кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».

Дар кафедраи педагогика ва психология 70% омӯзгоронро занҳо ташкил медиҳанд. Онҳо дорои маълумоти олии педагогӣ буда, 2-нафари онҳо хатмкардаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Омӯзгорон соҳиби таҷрибаи педагогӣ буда, кӯшиш менамоянд, ки ҳамаи дарсҳояшонро тариқи тахтаҳои электронӣ бар роҳ монда шавқу ҳаваси донишҷӯёнро ба илму дониш зиёд намоянд.

Саҳми зан – модар дар тарбияи насли наврас хело калон аст. Дар бораи гиромидошти модар Роҳбари давлат чунин зикр кардаанд: «Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад.»

Аз ин рӯ, ҳар яки мо, хусусан, насли ҷавонро зарур аст, ки ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Зан-Модар расида, ба ин олиҳаи зиндагӣ эҳтиром гузорем.

Раҳматулло АСАДУЛЛОЕВ, мудири кафедраи педагогика ва психология, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Like0