ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ АВВАЛИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

Дар толори фарҳангии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ санаи 5-уми феврали соли ҷорӣ конфренсияи тақсимотии донишҷӯёни гуруҳҳои академӣ ба таҷрибаомӯзии педагогӣ баргузор гардид.

Дар кори конфренсия сардори раёсати таълим Маъруфшоҳи Ҳасан, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахасисони ҷавон Ҳакимов Файзалӣ, сармутахасиси бахши мазкур Ҳакимов Лутфулло, муовинони деканҳо, методистони гуруҳҳо ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Маврид ба қайд аст, ки аз ҷониби масъулин ҷиҳати риояи техникаи бехатарӣ, одоби меҳнат дар муассисаи таълимӣ, муоширату муносибат ва масъулиятнокӣ дар раванди таҷрибаомӯзӣ ба таҷрибаомӯзон фаҳмонида шуд.

Инчунин зикр гардид, ки таҷрибаомӯзӣ ин бахши муҳими таҳсилот дар муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ буда, дар раванди он ҳар як таҷрибаомӯз донишҳои назариявии худро дар амалия татбиқ менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як таҷрибаомӯзро зарур аст, ки дар ин раванд фаъолияти хубу пурсамар нишон дода, барои рушди касбияти худ дар оянда заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар охир ҳар як донишҷӯ тибқи фармоиши директори муассиса бо роҳбарони таҷрибаомӯзии худ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ шартнома доранд, тақсим карда шуданд. Дар охир миёни омӯзгорон ва муҳассилин муколамаи судманд сурат гирифт.

Like0