Дар доираи сафари корӣ 14-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Гуанчоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Зоир Ғафурӣ ва директори Коллеҷи информатика ва ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Баҳрулло Давлатзода дар ҳамоиши байналмилалӣ оид ба рӯнамоии муаррифии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ширкат доштанд.
Нахуст бояд қайд кард, ки дар ҳамоиш намояндагони 30 давлат ва 60 роҳбарони муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок карда, онҳо дар бораи фаъолияти гуногунҷабҳа ва шароити таҳсили донишҷӯён суханронӣ намуданд.
Зоир Ғафурӣ, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ва илм ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки барои дар амал татбиқ кардани сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Сарвари давлат, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷистон бо омӯхтани раванди таълиму фаъолияти илмии вазорату муассисаҳои хориҷӣ корҳои муҳимеро ба анҷом расонидаву мерасонад.
Дар идома директори Коллеҷ Ғафурӣ Зоир дар бораи раванди таълим дар муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои илмӣ, барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои кишвар маълумоти муфассал дод.
Мавриди зикр аст, ки дар ин ҳамоиш вохӯрии директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Зоир Ғафурӣ бо намояндагони Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Пекин, Донишгоҳи омӯзгории Тайланд, Донишгоҳи омӯзгории Малайзия ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Меҷайн доир шуда, атрофи бастани созишномаҳои тарафайн ва табодули донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.
-Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба роҳ мондани сиёсати “дарҳои кушода” ва мустаҳкам кардани ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳама самт бузург аст, – изҳор дошт директор Зоир Ғафурӣ.