БА ИМЗО РАСИДАНИ СОЗИШНОМА ВА ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ЧИН

Дар доираи сафари кории директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зоир Ғафурӣ дар Ҷумҳурии Халқии Чин баҳри густариши робитаҳои байналмилалии муассиса, боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омӯзиши забони хитоӣ як қатор корҳои судманд ба анҷом расиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин сафар миёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи Нейҷианги Нормали Ҷумҳурии Халқии Чин созишномаи ҳамкорӣ оид ба тақвият бахшидани робитаҳои гуногунҷабҳаи тарафайн ҷиҳати густариши робитаҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, табодули донишҷӯён ва омӯзиши забон ба имзо расонида шуд.

Директори Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ дар бораи ибтикороту хизматҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маорифу илм ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ сухан гуфта, аз ҷумла зикр кард, ки муносибатҳои байналмилалии байни кишварҳои мо бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Чин дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни вохӯрӣ атрофи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, раванди таълиму тарбия ва шароити мусоид барои донишандӯзии ҷавонон дар ҳар ду муассиса табодули афкор сурат гирифта, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда таклифу пешниҳодоти судманд ироа гардиданд.

Шоистаи зикр аст, ки дар созишномаи миёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи Нейҷианги Нормали Ҷумҳурии Халқии Чин ба тавсиб расида, бандҳои зерин дарҷ шудааст:

1. Мубодилаи омӯзгорон ва пажӯҳишгарон;

2. Мубодилаи донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳо;

3. Роҳандозии таҳқиқотҳои илмии муштарак, конференсияҳои илмӣ ва вохӯриҳои доимӣ атрофи масъалаҳои мубрам ҷиҳати омӯзиши забон;

4. Мубодилаи иттилоотии илмӣ, чопӣ ва иттилоотӣ;

5. Гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати забонҳои тоҷикӣ ва хитоӣ;

6. Чопи муштараки китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва тарҷумашуда барои донишҷӯён.

Ректори Донишгоҳи Нейҷианги Нормали Ҷумҳурии Халқии Чин, ҷаноби Чен Сиаочун аз оғози ҳамкориҳои тарафайн изҳори хушнудӣ намуда, ваъда дод, ки барои тақвияти робитаҳои ду муассиса ҷиҳати омӯзиши забонҳо ва табодули таҷрибаи ҳамдигар саҳми худро хоҳад гузошт.

Зикр шуд, ки дар асоси созишномаи ба имзо расида, минбаъд табодули донишҷӯёну омӯзгорон, омӯзиши забонҳои тоҷикиву хитоӣ ва саёҳатҳои тобистонаву зимистонаи муҳассилини Коллеҷ ба Ҷумҳурии Халқии Чин ба роҳ монда мешаванд.

Дар охир аз ҷониби директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба роҳбарияти Донишгоҳи Нейҷианги Нормали Ҷумҳурии Халқии Чин ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи тоҷикона тақдим карда шуд.

Like0