ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОЮ ҚАҲРАМОНИ МИЛЛАТ

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Баробари ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба халқи мо роҳбареро насиб гашт, ки бо кирдору амалҳои некашон тавонистанд, мардуми парешонро муттаҳид карда, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор намуда, ба ҷанги бемантиқ хотима бахшанд. Оре, дар натиҷаи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди хатми мактаб ва адои хизмати ҳарбӣ ҳаёти худро ба меҳнати созанда пайвастанд. Ҳамчун хатмкардаи Донишгоҳ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи хоҷагиву ҳизбӣ фаъолият кардаанд. Ҳамчун вакили Шуроӣ Олӣ бо дониши амиқ, мардонагиву далерӣ соҳиби обруву эътибори мардум гаштаанд.

Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ Пешвои миллатро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии кишвар интихоб гардиданд ва бо ҳамин тақдирашонро як умр ба тақдири халқу Ватани хеш пайвастанл. Аз ин рӯ, мо бояд ҳама шукр гӯем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба халқи мо сарвареро насиб гардонид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян карданд. Ҳамин буд, ки 23-юми феврали соли 1993 Артиши миллиро бунёд намуда, барои дар оянда пурра ҳимояи Ватан бо истифода аз қувваҳои ҳарбӣ асос гузоштанд. Барои иҷрои ин мақсадҳо Пешвои миллат тадбирҳое андешиданд, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Барои ҳамин муҳтарам фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро меъмори сулҳу истиқлоли давлати миллии мо меҳисобанд.

Маҳз тавассути заҳматҳои ин қаҳрамони миллат тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси Олӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд. Роҳбари давлат аз рӯзи аввали давлатдорӣ қавл доданд, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳанд, халқу кишварро соҳибӣ карда, мардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунанд.

Президенти мо ба қавлаш вафо карда, фирориёнро ба Ватан баргардониданд, бо кӯшишу заҳматҳои ниҳоят зиёд 27-уми июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд ва ба ҷанг хотима гузоштанд. Бо кӯшиши пайвастаи Пешвои миллат халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги куҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд. Барои инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ шароитҳо фароҳам гардид.

Маҳз тавассути талошҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои соҳибисқтилолӣ ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври куллӣ тағйир доданд. Бо назардошти ҳамаи инҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 11-уми декабри соли 1999 барои хизматҳои бузургашон дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар, таъмини амнияту бехатарии халқи тоҷик ва давлати миллӣ, хизматҳои барҷастаашон дар рушду инкишофи Истиқлоли Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарафроз гардонид.

Дар Паёмҳои ҳамасолаи хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама соҳаҳои халқи кишварро таҳлил карда, барои рушди ҳамаи соҳаҳои марбута ба масъулин дастуру ҳидоятҳои зарурӣ дода, иҷрои саривақтии онҳоро вазифаи асосии масъулони соҳа арзёби кардаанд.

Баъди интихоби роҳбари нави давлат тавассути заҳматҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СММ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт. Аз ин лиҳоз, заҳматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, оламиён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, дар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо ошноӣ пайдо карданд. Эҳтироми волои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ нишонаи олии эҳтироми Сарвари давлатамон ва ҳусни таваҷҷуҳи ҷаҳониён нисбат ба халқи тоҷик мебошад.

Президенти Тоҷикистон пайваста дар бораи инкишофи соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Маҳз тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлоли давлатӣ ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохта шуда, ба ихтиёри ҷавонон гузошта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромаду суханрониҳояшон пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароит фароҳам оварда шавад. Аз ин лиҳоз, таъкидҳои падаронаи Сарвари давлат ҳар яки моро водор менамояд, ки тибқи дастурҳои созандаашон амал намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватани азиз саҳм гузорем.

Маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузургашон дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст. Аз ин лиҳоз, барои мо ҳаёту фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, намунаи беҳтарини хизмат ба Ватан ва ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад.

Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои беҳамтои хеш, ки хислати башардӯстӣ дошта, барои таъмини бехатарӣ ва рушди тарбияи экологии насли наврас хизмат хоҳад кард дар миёни ҷаҳониён машҳур гаштанд. Борҳо ташаббусҳои ҷаҳонии Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва оби тоза аз ҷониби СММ пурра дастгирӣ гардида, таклифу пешниҳодоти Тоҷикистонро барои дар амал татбиқ кардан дар шакли чораҷӯӣ дар мамалакатҳои мухталифи олам пешниҳод намуданд.

Инчунин, чандин падидаҳои фарҳангии кишвар аз қабили фалак, шашмақом ва амсоли инҳо ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дохил гардидаанд. Бо ташаббус ва кӯшишҳои мунтазами Пешвои миллат иди ниёгони мо ҷашни Наврӯз аз тарафи ниҳоди масъули СММ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ба қайд гирифта шуд. Кӯшиш ва меҳнатҳои дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар намудаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохил ва хориҷи кишвар бешумор мебошанд. Кӯшишҳои Пешвои миллат сар карда, аз хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ то ба кушодани роҳҳо ва нақбҳо, стансияҳои гуногунандозаи тавлидсозандаи барқ, баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар сохторҳои буҷавӣ муқоисанашаванда мебошанд.

Асрҳову давраҳои бузурги таърихӣ мегузаранд. Дар таърихи давлатҳо бисёранд сарвароне, ки баҳри рушди кишварашон аз худ осоре боқӣ намегузоранд. Охир мардум ва таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рӯйи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо дода, ҳеҷ гоҳ хизмату саҳми мусбиашонро дар ташкилу инкишофи давлаташон фаромӯш намекунад. Оё метавонем хизмату номҳои фарзандони фарзонаи халқи тоҷик – Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҷаббор Расулов ва дигаронро фаромӯш кунем? Ҳаргиз не! Аз ин лиҳоз, хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон ба як умр боқӣ хоҳад монд.

Мо, насли ояндасоз эътимоди комил дорем, ки кормандони соҳаи маориф, ҷавонони боору номуси кишвар ва донишҷӯён бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, хониши аълову интизоми намунавӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳм хоҳанд гузошт.

Санавбар ИБОДУЛЛОЕВА, донишҷӯйи курси сеюми факултети забонҳои хориҷиии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Like0