Рӯзҳои 13-14 декабр дар доираи лоиҳаи муштараки Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар толори меҳмонхонаи «Румӣ» барои кормандони иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар мавзуи «Таъмини меҳнати шоиста дар соҳаи таълими касбӣ ва таълими босифат, татбиқи самаранокии Тавсияи ТБМ №208» семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он дар қатори дигар иштирокчиён – раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Саидаброр Ҳасанов иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар семинари омӯзишӣ Стратегияи иттифоқҳои касаба барои татбиқи самараноки Тавсияи 208-и Ташкилоти байналмилалии меҳнат, механизмҳои муколамаи иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ ва соҳавӣ барои пешбурди таълими босифат мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён дар кори гурӯҳӣ оид ба масъалаҳои гуфташуда байни ҳам табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми семинар Зулҳия Нозакзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кадзутоси Чатани, мутахаасиси калон оид ба масъалаҳои шуғли аҳолии Дафтари Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ва Гоча Александрия, мутахассиси калони дафтари Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ барои дастгирии лоиҳа ва баргузории семинари мазкур изҳори сипос намуданд.
Зикр карда шуд, ки саҳми Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.
То ин муддат аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат пазируфта шуда, дар самти муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра санадҳое қабул карда шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидаанд.