Бо талошҳои ҳамешагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Бонки рушди Осиё ҳамкориҳои хешро ба Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба роҳ мондаанд.
Мақсад аз ҳамкориҳо ин пеш аз ҳама барои рушд додани фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сармоягузорӣ кардан аст.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи чандин гуфтушунидҳо 25-уми июли соли ҷорӣ намояндагони ин ниҳод ба Коллеҷ ташриф оварда, барои бунёд кардани бинои махсус бо тарҳи наву замонавӣ ҷиҳати рушду омӯхтани фанҳои номбурда гуфтушунид анҷом дода, ба хулосае омаданд, ки дар Коллеҷ бинои сеошёнаи дорои синфхонаҳои барҳаво ва лабораторияҳои фаннии замонавӣ сохта ба истифода диҳанд.