ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ таҳти раисии директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Зоир Ғафурӣ ҷаласаи Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Довуд Ализода, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Содиқзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Раҳмоналӣ Мирзозода ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ширкат карданд.

Нахуст ҷаласаро Зоир Ғафурӣ ифтитоҳ бахшида, дар бораи фаъолияти Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дастгириву ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва иқдомоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа сухан гуфт.

Зикр гардид, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Дар идома, нақшаи кории Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳайати нави раёсати Шуро интихоб шуданд.

Директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Н.Рабизода оид ба татбиқ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар самти маориф ва директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Р.Мирзозода дар хусуси фаъолияти паркҳои технологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ворид шудан ба низоми таълимии дуалӣ (“Таҳсилоти дуалӣ ва роҳҳои татбиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”)

маъруза намуданд.

Инчунин, директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров А.Оқилзода оид ба мониторинги сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ Л.Одиназода дар бораи иҷрои талаботи бандҳои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карданд.

Дар масъалаҳои ҷории ҷаласа таклифу пешниҳодот ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти Шуро ироа шуда, барои дар муҳлати муаяйн амалӣ шудани он дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуд.

Дар охир, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Довуд Ализода, муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Содиқзода ва вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода суханронӣ карда, ба раванди баргузорӣ ва фаъолияти Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баҳои баланд доданд.

Like0