22-юми июли соли 2023 омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади дастаҷамъона тоза кардани гирду атрофи таълимгоҳ шанбегӣ баргузор намуданд.
Директори Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ ҷамъомадагонро дар рӯҳияи пос доштани арзишҳои миллӣ, ахлоқию маънавӣ, гуманистию зебопарастӣ, санитарию гигиенӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити муассиса даъват кард.
Мавриди зикр аст, ки тибқи ҷадвали тасдиқнамудани раёсати Коллеҷ охири ҳар ҳафта барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлоли давлатӣ шанбегӣ баргузор мегардад.