ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ТОҶИКИСТОН ХУД КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ

23 декабри соли 2022 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Яке аз нуктаҳои муҳими Паёми Президент ин дастгирии ҷавонон ва рушду инкишофи ҳаматарафаи онҳо буда, Пешвои маҳбубу ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун қувваи пешбаранда ва хазинаи тиллоии давлат номида, ҳифзи марзу буми Ватан, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва аз ҳама муҳимтар хизмати софдилона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро ба ҷавонон такя намуда, чунин изҳор доштанд: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.

Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.”

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар кишвари мо ҷавонон мавқеи хоссаро касб намудаанд ва ин сазовори таҳсину ситоиш аст, зеро кам ба чашм мерасад он давлатҳое, ки ба ҷавонон рӯ оварда, онҳоро чунин дастгириҳо намуда, имконоти зиёде фароҳам оварад.

Тоҷикистони азизи мо, бо роҳбарии Сарвари оқилу ҷавонпарвари худ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон такя карда, барои рушди зеҳнии онҳо, тарбияи ватандӯстиву гуманистӣ ва соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидани ин қишри созанда як қатор барномаҳо роҳандозӣ намуда, то ба имрӯз чандин вазорату кумита ва шуъбаҳову идораҳоро маҳз барои самти фаъолияти ҷавонон таъсис додааст.

Дар Паёми солонаашон Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки: “Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем. Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.”

Президенти маҳбубамон доир ба самти оммавигардонии варзиш ва ба ин васила боло бардоштани Парчами давлатӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҷавонон рӯ оварда, барои ҳавасманд намудани онҳо тамоми имконотро роҳандозӣ карда, шароити заруриро муҳайё намудаанд. Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат аст, ки ҳамасола варзишгарони миллати тоҷик зиёд гардида, дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ пирӯзӣ ба даст оварда, Парчами миллиро баланд мебардоранд ва Суруди миллӣ низ садо медиҳад, ки ин боиси ифтихор ва илҳомбахши тамоми мардуми шарафманду қавииродаи Тоҷикистон аст.

Дар ин мавзуъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём чунин изҳор доштанд; “Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.”

Ҳар як ҷавони худшиносу ватандӯст, бовиҷдон, бонангу номус, қавиирода ва солимақлро мебояд бо шукргузорӣ аз ин гуна имкониятҳо ва давлати ободу осуда, барои мустаҳкам намудани донишҳои илмиву сиёсии худ саъю кушиш намуда, барои ҳифзи марзу буми Ватан, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ тамоми қувва, донишу маҳорат ва малаки худро сарф намуда, идомадиҳандаи оину мероси бебаҳои ниёгонамон бошад.

Саидаброр САИДӢ, сармуҳаррири нашрияи “Шамъи рӯзгор”-и Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Like0