СОҲАИ МАОРИФ ЧУН ҲАМЕША МАВЗУИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

Дар охири соли 2022 мо шоҳиди бузургтарину муҳимтарин рӯйдоди сол – баргузории Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ будем. Паёме, ки роҳнамои фардои ҷомеаи мо буда, миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикро ба сӯйи комёбиву дастовардҳои беназир ҳидоят менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ дар баробари ҳама соҳаҳо чун ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои беҳтар кардани шароити омӯзгорон ва таҳсили донишомӯзон суханони самимиву ибратбахш, пешниҳодоти муҳим ва дастурҳои судманду созанда доданд.

Тавре аз Паёми навбатӣ бармеояд, аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва стипендияҳои донишҷӯён ба андозаи 20% зиёд карда мешавад. Ин дастгирӣ масъулияти ҳар яки моро бештар намуда, водор месозад, ки барои рушди соҳаи маориф ва дастгириву тарбияи насли ояндасози миллат – ҷавонон бештару беҳтар саҳмгузор бошему шогирдонамонро дар руҳияи худшиносиву ватанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят намоем.

Шоистаи зикру ифтихори мо, кормандони соҳаи маориф аст, ки як бахши муҳимми Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани нуфузи омӯзгор дар ҷомеа бахшида шуда, ҳар сатри он саршор аз самимияту боварӣ ва дастуру роҳнамоиҳои бунёдкорона ба хотири фардои дурахшони миллат мебошад.

Сарвари давлат дар Паём изҳор доштанд, ки: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.”

Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳангоми ироаи ин сатрҳои меҳрбору самимӣ ҳисси ифтихорангезе вуҷуди ҳар омӯзгори асил ва ҳар шахси худшиносу ватандӯстро фаро гирифта буд.

“Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад“ – вақте ин таъкид дар Паём садо дод, бори дигар мо, омӯзгорон ифтихор аз он кардем, ки ин ҷодаи пурмасъулияту пурифтихорро интихоб намуда, сазовори номи пуршарафи омӯзгор ҳастем.

Дар Паёми солонаи Роҳбари давлат зикр шуд, ки: “Дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.”

Ин омор натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва дастгириву иқдомоти беназиру таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад. Ҳамасола бунёд кардани садҳо муассисаи замонавӣ ва баргузории мулоқоти Сарвари кишвар бо намояндагони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯён нишонаи арҷгузорӣ, эътимод ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳиму тақдирсози ҷомеа мебошад.

Мо, раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Паёми солонаи Президенти кишварро ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсозу дастури роҳнамо сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, барои амалӣ кардани он ҳама дастуру ҳидоятҳои судманд ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чун машъали фурӯзонест, ки дастраси ҳар кадоми мо шуд, то зери роҳнамоиҳои созандаи он ба сӯйи фардои дурахшон устуворона қадам гузошта, саҳми хешро дар рушд ва муаррифии ватани маҳбубамон Тоҷикистон гузорем.

Ғафурӣ Зоир Саъдулло, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Like0