ПАЁМИ ПЕШВОИ ҶАВОНПАРВАРИ МИЛЛАТ ПАЁМ АЗ ОЯНДАИ ДУРАХШОН АСТ

Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозест, ки дурнамои рушди қишрҳои гуногуни кишварро барои чанд соли минбаъда муайян менамояд. Меҳвари асосии Паём пеш аз ҳама, мавриди баррасӣ қарор додани соҳаҳои гуногуни ҷомеа аз назари Пешвои муаззами миллат ва вазифадор кардани масъулини сохторҳои давлатӣ мебошад.

Чун ҳамеша ин бор низ дастгирии ҷавонон ва нақши онҳо дар ҷомеа як бахши муҳимми Паёми солонаи Президенти кишвар буд. Пешвои миллат изҳор доштанд, ки: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.”

Ин эътимод, ин сатри тиллоӣ ва ин назари неки Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ҷавони худшиносу ватандӯст ва донишмандро вазифадор мекунад, то баҳри фардои дурахшони Тоҷикистон ва муаррифии он дар сатҳи ҷаҳонӣ самимонаву содиқона фаъолияти назаррас карда, саҳми шоистаи хешро гузорад.

Дар 31 – соли соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат барои дастгирии ҷавонон даҳҳо иқдомоти бузургу таърихӣ ва беназирро роҳандозӣ карда, баҳри таҳсилу зиндагии ин қишри ояндасози миллат шароити мусоидро муҳайё кардаанд. Ифтитоҳи ҳазорҳо муассисаи замонавӣ, баланд кардани стипендияи донишомӯзон, толорҳои варзишӣ, маконҳои истироҳативу фароғатӣ, қабули даҳҳо санаду қонунҳои самти ҷавонон ва садҳо кори дигар аз ҷумлаи ташаббусҳои мондагору самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонону наврасон мебошад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр карданд, ки: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.” Воқеан ҳам, ҷавонони замони истиқлол ватандӯстиву худогоҳ, меҳанпарасту донишманд ва забондон буда, баҳри ҳимояи сарзамини аҷдодӣ аз ҳар гуна таҳдидҳои замони муосир ҳамеша омода ҳастанд.

Паёми солонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати сарнавиштсозу роҳнамо барои мо, ҷавонони саодатманди тоҷик буда, ҳар сатри он баҳри фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол нигошта шудааст. Хулоса, бо итминони комил метавон гуфт, ки халқи ваҳдатшиори тоҷикро бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат ояндаи дурахшоне дар пеш интизор аст.

Давлатёр ҲАФИЗОВ, мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Like0