РУШДИ САНОАТ БАХШИ МУҲИМИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳар як давлату миллат дар рушди иқтисодиёту иҷтимоии худ саноат ва саноатикунониро дар ҷойи аввал медонад. Тоҷикистони азизи мо низ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала аҳамияти махсус дода, ҷиҳати боло бардоштани иқтидори саноатии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешидааст. Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон дар баробари се ҳадафи стратегии худ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чаҳорум қабул кардааст ва барои амалӣ гардидану расидан ба ин ҳадаф як қатор барномаҳо қабул шудааст.

Барои саноатикунонии мамлакат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ, ки 23-юми декабри соли 2023 баргузор гардид, доир ба рушди саноат дар Тоҷикистон ба Ҳукумати мамлакат ва дигар сохторҳои марбута чунин дастур доданд: “Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон корро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда вусъат бахшад”.

Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат дастур дода шуд, ки: “вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ чораҷӯӣ намоянд.”

Маҳз, аз тарафи Сарвари давлат эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” имкон медиҳад, ки бо омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ин соҳаи ҳаётан муҳим пеш рафта, иқтисоди миллӣ босуръат рушд ёбад.

Иқтисоди миллӣ, кам гардидани сатҳи кабизоатӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ аз саноат ва корхонаҳои саноатӣ вобастагии зиёд дорад. Маҳз, дар солҳои охир бо ба истифода додани якчанд корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ҷойҳои корӣ зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ба маротиб коҳиш дода шуд, ки вобаста ба ин Роҳбари давлат дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ чунин изҳор доштанд: “Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад. Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд”.

Дар асоси дастуру супоришҳо ва иқдомоти наҷиби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки сатҳи донишиазхудкунии муҳассилинро хуб ва дуруст ба роҳ монем, барои соҳибкасб гардидани эшон тадбирҳои зарурӣ андешем ва ба стандатрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ омода намудани насли ояндасози кишвар – наврасону ҷавонон тамоми донишу қувваи худро сарф намоем.

Бахтовари Мирзовалӣ, мудири кафедраи фанҳои табиии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Like0