ИҚДОМИ НАТИҶАБАХШ ҶИҲАТИ ОМӮЗИШИ ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз 16-ум то 21-уми январи соли 2023 ҷиҳатии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонва риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар навишт ва раванди коргузорӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Мукаррама Муродзода ва Манижа Сафаралиева ба омӯзгорони кафедраҳо машғулиятҳои омӯзишӣ ташкил карда шудааст, ки тибқи ҷадвал баргузор мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки дар машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорони дарсдиҳанда Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, мавриди омӯзиши амиқ қарор дода шудаанд.

Ба андешаи иштирокчиёни семинари омӯзишӣ иқдоми раёсати Коллеҷ саривақтӣ ва муҳим буда, барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва донишу маърифати забондонии омӯзгорон мусоидаткунанда аст.

Like0