ҲАМОИШ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 20-уми январи соли 2023 дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат мизи мудаввар дар мавзуи “Паём – ҳуҷҷати роҳнамо ва сарнавиштсоз” баргузор гардид.Дар ҳамоиш мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот Мастура Қосимова, декани факултети табиӣ – риёзӣ, педагогика ва психология Муродҳусайн Илҳомов, омӯзгорони кафедраи матиматика ва информатика ва намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва дигар коллеҷони ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамоишро Мастура Қосимова ифтитоҳ намуда, доир ба муҳиммияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ҳамасола дар партави Паёми Президент як қатор нақшаи чорабиниҳо ба тавсиб расида, корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, халқи азизи мо ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил мегардад.Сипас, Муродҳусайн Илҳомов баромад намуда, дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи кишвари мо дар ҳалли масоили байналмилалӣ ибрози андеша кард. Номбурда иброз дошт, ки 14-уми декабри соли ҷорӣ аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардидани пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани 21-уми март рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” шаҳодати он аст, ки кишвари азизи мо алакай дар арсаи ҷаҳонӣ обруву нуфузи худро пайдо намудааст ва ҳамаи ин дар заминаи заҳмату хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дигар иштирокчиён доир ба самтҳои гуногун маъруза намуда, ҳамасола рушд ёфтани техникаву технологияи навини ба стандарти ҷаҳонӣ баробар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мақсаднок аз тарафи ҷомеа ва дигар самтҳо, ки дар Паём Президенти мамлакат доир ба рушди онҳо дастурҳои мушаххас доданд, ибрози ақида намуданд.

Like0