ИҚДОМИ НАТИҶАБАХШ. ОҒОЗИ МАШҒУЛИЯТҲО ҶИҲАТИ ОМӮЗИШИ ҲУҶҶАТҲОИ РАСМӢ – КОРГУЗОРӢ

Бо ибтикори раёсати Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, баҳри дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои расмӣ – коргузорӣ ҷадвали баргузории машғулиятҳо вобаста ба таҳияи ҳуҷҷатҳои расмӣ – коргузорӣ (ҳуҷҷатнигорӣ) миёни омӯзгорон ва кормандон тасдиқ гардидааст. Вобаста ба ин омӯзгорони кафедраҳо аз 23-юм то 28-уми январи соли 2023 дар машғулиятҳо ширкат менамоянд.

Боиси зикр аст, ки 23-юми январ аз тарафи номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забон ва адабиёт Нафиса Мустафозода ва омӯзгори калони кафедраи мазкур Манижа Сафаралиева ба омӯзгорони кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар раванди машғулият аз тарафи мутахассисон тарзи дуруст навиштан ва нозукиҳои ҳуҷҷатҳои расмӣ – коргузорӣ ба таври саҳеҳ ва бо истифода аз технологияи муосир фаҳмонида шуд.

Бояд зикр кард, ки омӯзгорону кормандон бо вуҷуди он ки аз ҳуҷҷатҳои расмӣ– коргузорӣ огаҳанд, дар машғулиятҳо ширкат варзида, иқдоми пешгирифтаи раёсати Коллеҷро саривақтӣ, муҳим ва натиҷабахш арзёбӣ намуданд.

Like0