НАҚШИ БОНУВОН ДАР ҶОМЕА БУЗУРГ АСТ

23-юми декабри соли 2022 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки дар он ҳамаҷониба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Сарвари давлат дар бораи нақши занону бонувон дар ҷомеа сухан гуфта, чунин изҳор доштанд: “Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.”

Оре, нақши зан – модар дар ҷомеа хело бузургу муҳим мебошад. Зеро модар мавҷудоти муқаддас буда, ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам аз домани поки ӯ ба дунё омадаанд.

Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба дастгирии занон дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти бонувонро фаро гирифта, татбиқи амалӣ ва ҳаёту фаъолияти бонувони тоҷикро боз ҳам рангину раванди тоза мебахшад. Интишори фармони Президенти мамлакат “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадршиносии онҳо мебошад.

Президенти кишвар дар Паём зикр намуданд, ки: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуда аст. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд. Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.”

Ба таваҷҷуҳ ба масъалаҳои зикргардида ва тақвияти бештари омилҳои мавҷуда таъкиди як иқтибоси таърихии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷо саривақтӣ мешуморем: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.”

Ман ҳамчун як зан – модар ва омӯзгор ҳама ин сатрҳои зарини Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалии Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, кӯшиш менамоям, ки ба ин ҳама дастгириву боварӣ ва ибтикороти беназири Сарвари давлат сазовор гардида, нақши хешро дар пешрафти Тоҷикистони азиз гузорам.

Ситора Шодиева – муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Like0