Дар Паёми солонаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз нақши ҷавонон, нақши бузургу назаррасашон дар муаррифии кишвари соҳибистиқлоламон ва дастгирии онҳо сухан гуфта, Тоҷикистонро кишвари ҷавонон номиданд. Ҳамчунин, Пешвои ҷавонпарвари миллат дар Паём изҳор доштанд, ки: “Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем.”
Воқеан ҳам қабули ин ду барномаи муҳим саривақтӣ буда, чун дигар иқдомоти натиҷабахшу беназири Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву дар руҳияи ватанпарастиву меҳандӯстӣ ва худшиносӣ тарбия кардани ин қишри ояндасози миллат нақши бузург мегузорад.
Лозим ба зикру ифтихор аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз ҷавонони баландахтари тоҷик ҳамчун қишри муҳиму тақдирсози ҷомеа, зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Тули 31-соли соҳибистиқлолӣ ҷавонон чун қишри ояндасози ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат эътироф гардида, барои дастгирии ин насли ташаббускору ояндасоз даҳҳо ибтикороту корҳои беназир ба анҷом расиданд.
Бояд қайд кард, ки 17-уми марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини Сарвари давлат бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор гардид ва ҷавонон аз ин вохӯрии таърихиву тақдирсоз неруи тоза гирифта, барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ камари ҳиммат бастанд. Ин мулоқот дар замоне доир шуд, ки қишри ҷавони кишвар ниёз ба роҳнамоиву дастгирӣ доштанд. Аз ин рӯ, ин санаро метавон оғози муваффақиятҳои ҷавонони хуштолеъи диёр номид.
Мулоқоти дигари Пешвои муаззами миллат, ки 23-юми майи соли 1997 баргузор шуд, дар ҳаёти ҷавонони кишвар саҳифаи тоза боз намуд, зеро дар он Президенти ҷавонпарвари мо аз таъсиси минбари ҷавонон – Кумитаи кор бо ҷавонон мужда доданд. Ин Кумита имрӯз ба як даргоҳи умеди ҷавонони бедордилу меҳандӯст ва худшиноси тоҷик табдил ёфтааст.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи ҷавонон изҳор доштанд, ки: “Ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.”
Ин бовариву эътимоди бузурги Пешвои миллат мо, ҷавононро вазифадор месозад, ки бо масъулияти баланд барои давлати хеш содиқонаву самимона хизмат намоем. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони худшиносу ватандӯсти тоҷик ҳар сатри суханронии Сарвари давлатро шиори рӯзмарраи хеш интихоб карда, бо омӯхтани донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва иштироки фаъола дар ҳаёти рӯзмарраи кишвар саҳми босазои хешро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гузорад.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони саодатманди диёри мо бо шукргузориву ифтихор аз чунин фазои ободу озод ва пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг, забон ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош карда истодаанд.
“Ҷавонон – идомадиҳандаи мероси бузургон ва созандагони Ватан” – ин сатрро беҳуда нагуфтаанд. Барои ҷавонон беҳтарин шароит барои таҳсил ва зиндагии осуда муҳайё буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба ин ҳама дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат сазовор гашта, баҳри гул – гулшукуфоии кишвари маҳбубамон саҳм гузоранд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр кардаанд, ки: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.”
Бинобар ин, мо, ҷавонон бояд ба ин эътимоди бузурги Пешвои муаззами миллат сазовор буда, инро ҳаргиз фаромӯш накунем, ки барои устувории сутунҳои барҷастаи Истиқлоли давлатӣ, бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва пос доштани арзишҳои миллии ниёгонамон масъулияти бузургеро бар зимма дорем. Аз ин хотир, бояд барои сазовор будан ба ин ҳама бовариву дастгириҳои беназири Ҳукумати кишвар содиқонаву самимона хизмат карда, муаррифгари Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмиллалӣ бошем.
Шоҳиддин НАҶМИДДИНОВ, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ