22-юми июни соли 2023 дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – поягузори сулҳу субот” баргузор гардид, ки дар он директори муассиса номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло ва ҳайати омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд.
Нахуст Зоир Ғафурӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик намуда, доир ба муҳимият ва нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ сухан гуфта, изҳор дошт, ки барои ба даст омадани Ваҳдати миллӣ ва хомӯш гардидани алангаи оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хизматҳои фарзонафарзанди тоҷик – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузургу таърихӣ аст.
Дар идома дотсентону омӯзгорони таълимгоҳ доир ба ин санаи тақдирсози миллат маърузаҳо намуда, Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои онро васф намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби маърузачиён якчанд далелҳои муҳим доир ба Ваҳдати миллӣ пешниҳод шуд.
Боиси зикр аст, ки бо дастури директори Коллеҷ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло мақолаҳои омӯзгорону олимони муассиса ба муносибати 26-умин солгарди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба таври китоб ба табъ расида, ба муаллифон ва доираи васеи хонандагон тақдим карда мешавад.