ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ АСТ

Охирҳои асри ХХ миллати тамаддунофару куҳанбунёди тоҷик аз имтиҳоноти сангини рӯзгор гузашт, аммо гузаштан аз он барояш осон набуд, зеро ҷанги беамони шаҳрвандӣ, ки мисли абр фазои орому осудаи кишварро тираву тор кард, пешрафту нумуи Тоҷикистонро халалдор намуд.Тамоми соҳаи мамлакат, инчунин, самти маориф ва илм қариб пурра аз байн рафта буд. Аз ин ҷост, ки садҳо нафар омӯзгор маҷбур бо қалбҳои пурхун коргоҳу шогирдони хешро тарк карда, чун гуреза озими шаҳри бегона мешуданд. Донишомӯзон бошанд гурӯҳ – гурӯҳ орзуҳову ҳадафҳои хешро фаромӯш карда, роҳ ҷониби зодгоҳ ё ғарибӣ мегирифтанд. Зеро дар он замони вазнин ин ё он ниҳоде кафолати зинда мондани сокинонро намедод.

Тақдир ва ояндаи миллати тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ номуайян буд. Ваҳшонияту зулми он айёми нобасомон доғе ба қалби шаҳрвандон гузошта, ба хонадони тоҷик осори ғаму андуҳ ниҳод. Хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷику давлати тозаистиқлоли мо ба миён омада буд. Модарону хоҳарон ва ҳазорҳо ҳамватани мо хонаву зодгоҳ ва пайвандони хешро тарк карда, бо чашмони гирёну дили пурхун тавассути дарё ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтанд. Дар роҳ қисме аз гуруснагӣ ва қисми дигар ҳангоми гузаштан аз дарёи пуртуғён ҷони хешро аз даст доданд ва кор то ҷое расида буд, ки дар маҳаллаҳои гурезагони тоҷик қабристонҳои нав пайдо мешуданд. Таҳаммули ин дарди ҷонгудоз ва марг дар ғарибию бечорагӣ барои мардуми боору номуси тоҷик, хусусан, модарон осон набуд.

Дар он солҳои тақдирсоз барои азнавсозии харобаҳо ва сарҷамъ кардани миллат пешвои хирадманду ватандӯст лозим буд. Дар он гуна солҳое, ки давлат дар вазъияти нестшавӣ ва миллат дар ҳолати парокандагӣ буд, 16 – уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, дар он бо пешниҳоду тарафдории якдилонаи вакилон фарзанди қаҳрамони миллат, ҷавонмарди ҷасуру донишманд ва худшиносу меҳандӯсти тоҷик Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд.

Ин абармарди миллат бо қаҳрамонию ҷонфидоӣ, бо иқдомоти таърихӣ ва бо амалу суханони самимӣ шуълаи умедро дар қалби ҳар тоҷик бедор карданд. Оре, Роҳбари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парокандаву парешон ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки бадхоҳонро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон барқарор намуданд.

Маҳз бо саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедии мардум аз ояндаи торики кишвар ба канори фаромӯшӣ рафта, ҷояшро шодиву нишот ва истиқлолу озодӣ гирифт. Бо ташаббуси таърихии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони фарзонаи миллат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав, ки ба таърихи 27-уми июни соли 1997 ёд мешаваду дар ҳошияи бузургтарин ҳодисаҳои сиёсии ҷаҳон дар охири қарни ХХ қарор дорад, ба имзо расид.

Ин рӯзи деринтизор ба осонӣ ба даст наомад, зеро ба гуфтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “То имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мо роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечутоби музокиротро тай намудем. Дар давоми қариб чор сол ҳашт даври музокирот, бисту як мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ анҷом додем. Дар ин раванд ҳадафи асосии мо таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллат буд.”

Оре, заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон сулҳу Ваҳдати миллӣ ба даст оварда, гурезаҳо ба Ватан баргаштанд ва бо шарофати пойдории амну субот имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ доранд. Маҳз бо кӯшишҳои пайвастаи Президенти кишвар миллати парешоншуда сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хушбахтӣ дида мешавад.

Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки худ борҳо шоҳиди далерию ҷонфидоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, чунин гуфтааст: «Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст».

Бо гузашти солҳо мардуми ҷаҳон, хусусан, шаҳрвандони азияткашидаи Афғонистон борҳо шоҳиди он буданду ҳастанд, ки Эмомалӣ Раҳмон чун Пешвои тоҷикони ҷаҳон ягона сиёсатмадореанд, ки дар минбарҳои баланди байналмилалӣ дар бораи сулҳ дар Афғонистон сухан гуфта, пуштибону дастгири тоҷикони ин кишвар ва тамоми ҷаҳон мебошанд.

Кофи Атта Аннан, собиқ Муншии Созмони Милали Муттаҳид дар суханронии хеш чунин зикр карда буд: “Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати аз зӯроварӣ даст кашидани ҳалли зиддияти дохили миллиро нишон дод. Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дорад. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон эҷоди сулҳ мебошад.”

Боиси ифтихори бузурги мо, тоҷикон аст, ки имрӯз аз корномаи ибратомӯз ва қаҳрамониву ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳо, сиёсатмадорону олимони сатҳи ҷаҳонӣ сухан гуфта, тоҷиконро чун миллати озоду соҳибтамаддун эътироф кардаанд…

Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат ба таври бесобиқа рушд карда, дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари ташаббускор мавқеи намоёни хешро пайдо кард. Дар ин давра маориф чун соҳаи афзалиятноки ҷомеа эътироф гардид, ки қабули даҳҳо қонун, баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа, боло бурдани маошу стипендияи омӯзгорону донишомӯзон ва бунёд кардану таъсис додани муассисаҳои таълимӣ далели возеҳи он мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди баору номуси тоҷик бояд ба қадри бузургтарин дастовардҳои миллат – Истиқлолу Ваҳдати миллӣ бирасад, зеро ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Таърих ибратомӯз аст ва Рӯзи ваҳдат ба мо ҳушдор медиҳад, ки аз хатоҳои гузашта хулоса барорем, имрӯз бо азми бунёдкорию созандагӣ пойдевори зиндагии фардоро гузорем ва ба қадри давлату давлатдории миллии худ бирасем ва ба наслҳои оянда кишвари обод, тараққикарда ва хуррамро ба мерос монем. Ин аст қарзи ҳар як насл дар назди наслҳои оянда.”

Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин ҳама дастовардҳо ва ваҳдату истиқлоли меҳан бирасем ва кишвари соҳибистиқлоламонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем, зеро он бо заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷонфидоӣ, қаҳрамонӣ, иқдомоти таърихӣ ва корҳои бузурги фарзонафарзандони миллати тоҷик ба даст омадааст.

Зоир ҒАФУРӢ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

Like0